Ҳафтаи омӯзиши забони фаъолияти вазоратҳои молия, адлия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оғоз гардид

Март 13, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 12 то 19 марти соли равон вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти баъзе аз вазорату идораҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳад.

Тавре аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси талаботи банди 20-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» аз 30 январи соли 2019 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилот таъмин карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нашудани меъёрҳои забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар робита ба ин Кумита нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст.

Бо ин мақсад аз ҳисоби забоншиносони маъруфи ҷумҳурӣ, кормандони масъул ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Онҳо тӯли як ҳафта  иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти вазоратҳои молия, адлия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки 18-19 марти соли равон дар ин мавзӯъ семинари омӯзишӣ баргузор гардад.

Март 13, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид