Азим Иброҳим: «Омилони сар задани моҷаро ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд»

Март 19, 2019 11:11

ДУШАНБЕ, 19.03.2019./АМИт «Ховар»/. Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, 18 март гуфтушунидҳои серӯзаи ҳайати кишварҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов дар мавриди қазияи дар сарҳад рухдода ба итмом расиданд. «Мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт  гардид», — иттилоъ дод хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Исфара.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суҳбат бо хабарнигорон, ки баъди анҷоми музокирот доир карда шуд,  аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани сарҳадбононро яке аз дастовардҳои асосии гуфтушунидҳо номид.  «Вале як мувофиқаи муҳими мо, ки дар протокол  инъикос шудааст, ин аст, ки  омилони сар задани ин моҷаро, ки боиси кушта шудани ду нафар гардид,  ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба прокуратураҳои ҳарду кишвар дар ин бора дастур дода шуд», — гуфт Азим Иброҳим.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд, ки қариб   нисфи он ҳанӯз  муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо муовинони сарвазир бо сокинони Ворух вохӯрда, ба онҳо ваъда доданд, ки рафти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшударо назорат хоҳанд кард.

 

Март 19, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад