«Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ». Дар шаҳри Ҳисор маҳфили наврӯзии ҷавонон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳр маҳфили наврӯзии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъол аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни барномаи идона раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Наврӯз ҷашни қадимаи миллати тоҷик мебошад. Он метавонад дар шароити мураккаби имрӯза ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ ба мардумони олам хизмат намояд. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, он дорои рамзҳое мебошад, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми моро ҳамроҳӣ мекунанд.
«Дар ин айём табиат эҳё мегардад, инсон неруи нав мегирад. Дилу андешаҳо ба ҳам омада, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо меоранд ва ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Ҳамчунин раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иброз намуд, ки Наврӯз аз зеботарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст. Он бо ғояҳои олии башардӯстона — ҳамкорӣ, созандагӣ, ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ мардумро гирди ҳам меорад.
Сипас иштирокчиёни ҷашни наврӯзӣ аз дастархони идона, намоиши ҳунарҳои мардуми шаҳри Ҳисор ва намоиши варзишгарон дидан намуда, бо таърих ва ҳунари волои ин минтақа ошноӣ пайдо намуданд.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






