Бахшида ба Рӯзи матбуот маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон-«Тулӯи сухан» баргузор гардид

Март 7, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 07.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон таҳти унвони  «Тулӯи сухан» баргузор гардид. Дар он ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ширкат намуданд.

Тавре аз Донишкада ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфили идона ректори донишкада  тамоми ҳаводорони нашрияи «Паёми донишҷў»-и донишкада, аъзои маҳфили «Тулўи сухан» ва рўзноманигоронро ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуд. «Барои он ки дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо афкору андешаи солим ташаккул ёфта, истиқлолияти фикрӣ падидаи фарогири рӯзгори мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон гардад, шуури аҳли ҷомеа ба дараҷаи зарурии худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ расида, дар замири ҳар як сокини кишвар эҳсоси гарми ватандориву ватандўстӣ амиқ ҷой гирад, заҳмату талошҳои шабонарўзӣ ва холисонаи рўзноманигорон бениҳоят зарур аст»,-гуфт мавсуф.

Дар идомаи маҳфил Зинатулло Исмоилзода аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, изҳор дошт, ки нашрияи «Паёми донишҷӯ» тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар самти таълиму тарбияи забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, онҳоро дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия ва ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад.

Сипас аз ҷониби аъзои маҳфили рӯзноманигорони ҷавон «Тулӯи сухан» барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Март 7, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд