БАРҚ ҲАМ МАҲСУЛОТ АСТ ВА НАПАРДОХТАНИ МАБЛАҒИ ОН ДУЗДИСТ ВА ҲАР ГУНА ДУЗДӢ ҶИНОЯТ МАҲСУБ МЕШАВАД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҳошияи муроҷиати ШСХК «Барқи Тоҷик» ба муштариён

Март 29, 2019 13:05

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» имрӯз ба муштариёни худ муроҷиат  намуд ки  ҷиҳати пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ масъулияти баланд нишон диҳанд ва барои   ошкор намудани  ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бетарафӣ накунанд.

Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» таъкид гардидааст, ки «барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи  сӯхт маҳсулот аст,  арзишу қимат дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз  он истифода бурдан бояд маблағи он ҳатман пардохт гардад. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани он хеле зарур аст. Тамоми зимистон бо барқ таъмин будан истифодаи дигар намудҳои сўзишвориро маҳдуд намудааст, вале дар як вақт муштариён бобати пардохти ҳаққи барқ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намесозанд. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзам мамлакат бо  барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон мегардад».

Ҳадаф аз ин таъкид сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он мебошад. Ба ин маънӣ дар муроҷиатнома омадааст: «Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо бе таваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёд сарф мегарданд. Зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд. Тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист   барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд. Инчунин барои бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди онҳо, ки муҳлати истифодаи аксарияташон аллакай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса — фаъол нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ  низ маблағҳои калон заруранд.

Ба ғайр аз ин Ширкати «Барқи тоҷик» ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомонӣ андози роялтӣ месупорад. Бо назардошти ин ҳама, ҳар як муштарӣ агар ҳаққи барқи истифодашударо пардохт насозад, бобати такроран истеҳсол намудани неруи барқ ва таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ душвориҳои ҷиддӣ пеш меоянд ва ҳатто имкони бе маҳдудият бо барқ таъмин намудани ҷумҳурӣ  халалдор мегардад.

Тавре дар муроҷиатнома зикр шудааст, агар ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд, тамоми мушкилот осон мегардад.  Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар дақиқаи телефони мобилӣ мову шумо маблағро пешпардохт мекунем; яъне, аввал пулашро медиҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рў, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гўшаи виҷдони ҳар инсон аст.

Алҳол Ширкати «Барқи тоҷик» имконияти техникии ба таври алоҳида хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздорро надорад. Аз ин рў, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо  ба ширкат лозим меояд, ки деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку маҳаллаҳоро аз барқ маҳрум созад. Аз дигар тараф, ин нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, беинсофӣ мешавад. Аз ин рў,   аз шаҳрвандони ҳисси масъулияташон баланд хоҳиш  карда шудааст, ки  ҷиҳати пардохти маблағи барқи истифодашуда  ба ҳамсояҳои худ таъсир расонанд.

Дар муроҷиатнома барои  сари вақт ва пурра пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда аз аҳли зиё, муаллимон, кормандони соҳаи санъат ва уламову имомхатибони масоҷид махсус хоҳиш шудааст, ки миёни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намоянд ва барои сари вақт супоридани ҳаққи истифодаи барқ кумак намоянд. Зеро дуздидани барқ даст халондан ба хазинаи ҷомеа ва рабудани ҳаққи ҳамсояву ҳамдеҳа аст. Бигузор, уламои дини мубини ислом шарҳ диҳанд, ки касе бо барқи дуздӣ хӯрок тайёр менамояд, оё он хӯрок ҳалол аст?  Ё мусулмоне, ки барои ба намоз омода шудан аз барқи дуздӣ истифода мебарад, оё ибодаташ қабул мегардад?  Дар суннати миллати мо дуздӣ бадтарин гуноҳ аст. Ҳато пеш аз ҷаноза мепурсанд, ки маит оё аз касе қарздор нест? Ва дуздони барқ низ дер ё зуд, албатта, ба ҷазо гирифтор мешаванд!

Воқаен ҳам, агар барқ маҳсулот аст ва қимату арзиш дорад ва маблағи истифодаи он чун ҳама анвои дигари маҳсулот бояд пардохт гардад, пас истифодаи ғайриқонунии он низ дуздӣ аст ва дуздӣ на танҳо тибқи Кодеси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят маҳсуб мешавад, балки аз рӯи дину шариат низ гуноҳ сахт аст.  То ҷое, ки ҳатто  Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Шахси   дузд ҳангоми дуздӣ кардан мусулмон нест».

Дар муроҷиатномаи «Барқи тоҷик»   ба  супориши  банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 феврали  соли 2019  истинод намуда, он ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Барои пешгирии исрофи беҳуда ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, ВКД,  вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур гирифтаанд, ки муроҷиат ва корҳои  тарғиботиро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ ва сари вақт пардохт намудани  маблағи  онро ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд. Ба низоми энергетикии кишвар дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро  ба ташкилоту корхонаҳои қарздор қатъ намояд. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки аз натиҷаи иҷрои супориши ин протокол ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд».

Дар   фуроварди муроҷиатнома зикр шудааст, ки таъминоти пурраи кишвар бо барқ вазифаи ҷонии ҳар як корманди соҳаи  энергетики мамлакат мебошад.  Аз муштариён хоҳиш шудааст, ки дар ин кор кумаку дастгирии худро дареғ надоранд. «Ин ба манфиати тамоми ҷомеа мебошад», — омадааст дар муроҷиатнома.

Хотиррасон менамоем, ки қимати барқ дар Тоҷикистон дар ИДМ ва ҳатто дар ҷаҳон аз арзонтаринҳост.

Март 29, 2019 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд