БЕ ОФТОБ ГУЛ, БЕ МУҲАББАТ ХУШБАХТӢ, БЕ ЗАН ИШҚ ВА БЕ МОДАР ИНСОН ВУҶУД НАДОРАД! Эҳдо ба Рӯзи Модар

Март 8, 2019 08:08

ДУШАНБЕ, 08.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Модар яке аз  хуҷастатарин идҳои мардуми тоҷик аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сурати тозаи расмӣ гирифтааст. Арҷгузорӣ ба модар дар байни халқи тамаддунпарвари мо решаҳои мозӣ дошта, аз таълимоти китобҳои муқаддас сарчашма мегирад.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст,-

-гуфтааст Низомии бузург.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо эҳтиром ба модар ва дастгирӣ аз бонувону духтарон  дар мадди аввали  сиёсати  давлатдорӣ меистад. Ва мо ҳамарӯзаву ҳамасола шоҳиди дастгирӣ ва пешбарии занон ба вазифаҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавондухтарони хусусан кӯҳистон, дастгирии онҳо барои ҷалб кардан ба макотиби олии кишвар ва корҳои ҷамъиятӣ ҳастем.

Арҷгузории баланд ба зан — модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин васила дар маънавиёти башар  гузоштааст. Сипас, маҳз ба шарофти зан ва модари тоҷик аст, ки наҷибтарин маросиму суннатҳои башарӣ бо ҳама рангу тобишҳо бегазанду дилрабо  ҳазорсолаҳоро убур карда, то рӯзгори навини мо расидаанд. Зан ва модари тоҷик аст, ки ин қадар пешаву ҳунарҳои баланди миллиро то имрӯз маҳфуз  доштааст. Саҳми бузурги зан ва модари тоҷик аст, ки мо имрӯз бо ҷашнҳои хуҷастаи таърихии халқамон, мисли Наврӯзи аҷам ва Садаву Меҳргон ифтихор дорем, зеро маҳз занону модарони мо буданд, ки бисёре аз расму таомули ин маросимҳоро, сарфи назар аз фишорҳои гарони замонаҳо ва душманон солим нигоҳ доштанд.

Баъдан бояд таъкид кард ва ёдрас шуд, ки зани тоҷик зани одӣ нест, ин занест, ки дар баробари иҷрои вазифаву пешаҳои заҳматталаби давлатию ҷамъиятӣ,  тарбияи фарзандон, раҳнамоии онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ гаронтарин бори рӯзгор: пухту паз, шустушӯ, нигоҳубини чорвову боғу полезро дар деҳот бо таҳаммулу мардонагӣ бар дӯш мебардорад.

Беҳуда нест, ки бузургони ҷаҳон бо муҳаббату самимияти баландтарин ҳама ситоиши модар кардаанд ва зеботарину дурахшонтарин дурри суханро нисори қудуми модарон намудаанд, ки намунаҳояшро дар ин рӯзи шариф – Рӯзи модар пешкаши шумо мегардонем.

Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст.

(Х.Ҷуброн)

Дурбиниву дурандешии модарро касе қодир нест. Дар байни модару  фарзанд риштаҳои нонамоёне кашида шудаанд, ки ба шарофати онҳо ҳар изтироби фарзанд дар дили модар бо дард эҳсос мешавад ва ҳар комёбиаш чун зуҳуроти нишотангези ҳаёти худи ӯ эҳсос мегардад.

(О. Балзак)

Модар онест, ки муҳаббаташ сарҳад надорад, оне ки тамоми инсониятро бо шири покаш парвардааст. Ҳама зебоиҳои инсон аз нурҳои офтоб ва шири модар аст.

(М. Горкий)

Соҳиби фарзанд шудан кори саҳл нест. Ин чунин маъно дорад, ки баъд аз он дили ту  ҳамеша на дар ҷисми ту хоҳад буд.

(Э.Стоун)

Беҳтарин мавзеъ барои гиря кардан оғӯши модар аст.

(Ҷоди Пиколт)

Модар ягона эъҷози табиат аст, ки ҳатто марг қудрат надорад моро аз ӯ ҷудо кунад.

(Л.С.Сухоруков)

Модари ман ҷисми кӯчаки заифе дошт, аммо чунон бузург буд, ки дар он ғаму нишоти ҳама меғунҷид.

(Марк Твен)

Модар ҳамеша бояд ду бор андеша кунад, аввалан дар бораи кӯдакаш, баъд аз он дар бораи худаш.

(Софи Лорен)

Чунин гул дар ягон дашти дунё ва чунин гавҳар дар ягон баҳри олам нест, ки шабеҳи кӯдаки рӯи зонуи модар бошад.

(О Уайлд)

Дастони модар аз нахҳои меҳрубонӣ бофта шудаанд – кӯдакон дар рӯи он ором мехобанд.

(В.Гюго)

Ягона ишқе, ки ман ба он бовар дорам, ин ишқи модар ба кӯдаки хеш аст.

(Карл Лагерфелд)

Ҳам он гоҳе, ки модарон фарзандонашонро мебӯсанд ва ҳам он гоҳе ки сарзаниш мекунанд, онҳоро баробар дӯст медоранд.

(Перл Бак)

Ояндаи миллат дар дасти модарон аст.

(Оноре де Балзак)

Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надорад.

(Максим Горкий)

Камбудии ҳама модарон ин аст, ки ҳамагӣ ду даст доранд.

(муаллифи номаълум)

Ба мо беҳтарин модаронро бидиҳед ва мо беҳтарин одамон дар ҷаҳон хоҳем буд.

(Жан – Пол Рихтер)

Агар ту аз тифлӣ ба чашми модар нигариста, дидани изтиробу оромии онро наомӯхтаӣ, ҳама умр ахлоқан дар ҷаҳолат хоҳӣ монд.

(В.Сухомлинский)

Арзандатарин шахсе, ки мо ҳамеша дар наздаш қарздорем, — модар аст.

(Н.Островский)

Мо хоҳар, ҳамсар ва падарамонро дӯст медорем, аммо дар лаҳзаҳои сахтӣ модарро ба ёд меорем.

(Н.Некрасов)

Дуои модар аз қаъри баҳр берун меорадат.

(зарбулмасали русӣ)

Аз байни занон беҳтарин ҳамон хоҳад буд, ки  ҷои падари фавтидаи фарзандонро тавонад иваз кунад.

(Иоган Волфганг Гете)

Дили модар сарчашмаи хушкнашавандаи мӯъҷизот аст.

(Пер Беранже)

Дили модар қаърест, ки дар умқаш ҳамеша бахшоиш ҳаст.

(Оноре де Балзак)

Паранда аз баҳор шод аст, тифл аз модар.

(зарбулмасали русӣ)

Бузургтарин хато дар тарбия  аз ҳад саросема будан аст.

(Жан Жак Руссо)

Беҳтарин коре, ки падар барои фарзандони худ метавонад кунад, дӯст доштани модари онҳост.

(Теодор Хесберг)

Кӯдакони мо – пирии моянд. Тарбияи дурусти онҳо – пирии хушбахтонаи мо, тарбияи бадашон – ғами ояндаи мо, ашкҳои мо ва гуноҳамон  дар назди одамони дигар аст.

(Антон Макаренко)

Наврас барои он аз болои асп афтод, ки модар ӯро каҷ шинонда буд.

(зарбулмасали русӣ)

Таҳияи Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Вожаи вожаҳо бувад модар

Вожаи вожаҳо бувад модар,

Балки баъди Худо бувад модар.

Аввалин ҳарфи зидагониям,

Охирин ҳарфи мо бувад: модар!

Тоза аз як нигоҳи ӯ гардам,

Чашмаи босафо бувад модар.

Он гаҳе ки  ба бандҳо бандем,

Як умеди раҳо бувад модар.

Меҳрубонтар зи дастҳояш чист?

Кони меҳру сахо бувад модар.

Сурати суру меҳри дунё ӯст,

Бахти моро намо бувад модар

Дуртар з-ӯ  касе намебинад,

Дидаи дидаҳо бувад модар.

Ҳамрадифи саодату ишқ аст,

Ҳамрадифи бақо бувад модар.

Номи Эзад, сафои яздонӣ,

Номаи номаҳо бувад модар.

То ки дар амн   бошад ин дунё,

Дар лабаш сад дуо бувад модар.

Бар сарам то нарезад ин гардун

Дар барам муттако бувад модар.

Дар лаби ҷумла қавму миллатҳо

Як сухан, як наво бувад:   модар!

Ҳамтавонат куҷо тавонам ёфт?

Бори дунё туро бувад, модар!

Ҳеҷ кас нест, ҷои ту гирад,

Бо ту ҳампо куҷо бувад, модар!?

Номи  поки ту дар забони ман,

Чун қасам раҳнамо бувад, модар

Вожаи  ибдидо бувад модар,

Вожаи  интиҳо бувад модар!

Камол Насрулло

Март 8, 2019 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд