«БОЗГАШТИ ШУТУРҲОИ САФЕД…». Таҳти ин унвон китоби рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ба табъ расид

Март 16, 2019 10:56

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/.  «Бозгашти шутурҳои сафед…» чунин ном дорад, китоби  тозанашри рӯзноманигори  варзидаи тоҷик Отабек Ғойибов, ки дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар нашриёти «Адиб» ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Қаҳрамони  асосии «Бозгашти шутурҳои сафед…» худи рӯзноманигор аст, ки ҳаётро аз асли хеш меҷӯяд, ба деҳаи худ меҳр дорад, вале барои ҳифзи ҷони чанд оилаи дигар  роҳ меҷӯяд, роҳ меёбад ва ба мақсади худ мерасад. Рӯзноманигор дар ин китоб бо қиссаҳои худ  ҳолатҳои равонии  қаҳрамононашро  хеле возеҳ тасвир  кардааст.  «Бозгашти шутурҳои сафед…» умед, қисса ва рамз буда, дар хоб дидани шутури сафед фоли нек аст.

Китоби «Бозгашти шутурҳои сафед…»  маҷмӯаи навбатии рӯзноманигор Отабек Ғойибов буда,  дар он қиссаи ҳамноми китоб-«Бозгашти шутурҳои сафед…», инчунин повестҳои  «Изтироб», «Кумушбибӣ», ҳикояҳои тозаэҷод –«Кӯрнамак» ва «Шикорчӣ» гирд оварда шудааст.

Рӯзноманигор Отабек Ғойибов аз соли 1993  то имрӯз ба ҳайси муҳаррири варзидаи  бахши ӯзбекии радиои  «Овози тоҷик» фаъолият дорад. Мавсуф барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.

Март 16, 2019 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд