Дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо дар шаҳри Москва намоиши «Хони наврӯзӣ» баргузор гардид

Март 20, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия намоиши наврӯзии донишҷӯёни Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз доир гардид.

Тавре  роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ намоиши дастархони «Хони наврӯзӣ» ба намоиш гузошта шуд. Шумораи зиёди донишҷӯён ва профессорону устодон аз он дидан намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин 21 марти соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳ аз ҷониби аъзои маҳфил корнсерти идона баргузор карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ аз ҷониби маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои тоҷик, муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди Федератсияи Россия: Москва, Пенза, Новосибиркс, Санкт–Петербург ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Ҳамчунин  Наврӯз дар Ҷумҳурии Туркия, Индонезия, Малайзия, Беларус ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷлил шуда, дар онҳо иштироки  донишҷӯёни дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта, тоҷикони муқимӣ ва дӯстдорону ҳаводори фарҳанги миллати тоҷик дар назар аст.

Март 20, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд