Дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода мешаванд

Март 13, 2019 16:43

ДУШАНБЕ, 13.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи Руссеи ба номи Ангел Кончеви Ҷумҳурии Булғористон нахустин вохӯрии шарикони лоиҳаи «Навсозии низоми таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияи  муосир» оғоз гардид. Дар кори он муовинони вазирони маориф ва илм ва намояндагони 15 донишгоҳ аз  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Италия, Люксембург ва Португалия иштирок доранд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин  ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва намояндагон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев намояндагӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур омӯзиши таҷрибаи корӣ дар самти навсозии низоми таҳсилоти олӣ, роҳҳои дуруст истифода бурдан аз воситаҳои коммуникатсионӣ ва технологияи нав дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми ҷаласа дар ҳар як донишгоҳи  Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода шаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш то 15 марти соли равон идома хоҳад ёфт.

ДАР АКСИ БОЛО: муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон С. Давлатзода дар назди иштирокчиён сухан мекунад.

Март 13, 2019 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд