Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли равон бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Такмили низоми таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мегардад.
Тавре аз Донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш олимону донишмандон ва коршиносон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Туркия иштирок менамоянд. Ҳамчунин дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони муассисаҳои илмию таълимии кишвар ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар раванди кори ҳамоиши байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятноки таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ, технологияҳои муосири тайёркунии кадрҳои соҳибкасби соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, такмили иқтидори кадрии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои пасошӯравӣ, муносибати инноватсионӣ дар тайёркунӣ, аз нав тайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва таҳсилоти касбии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ: мушкилот ва дурнамо муҳокимаи илмӣ сурат мегирад.








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






