Дар Душанбе ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад

Март 13, 2019 09:37

ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии семинар ба ҳисоб меравад, ҳамоиши фарҳангӣ 19 марти соли равон дар толори Маркази мероси хаттӣ доир карда мешавад.

Дар назар аст, ки дар семинар олимону донишмандони маъруфи кишвар, аз ҷумла академик Акбар Турсон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, доктори илмҳои таърих Санавбар Воҳидова ва дигарон маърӯза намоянд.

«Эҳёи Наврӯз», «Рамзҳои Наврӯз», «Наврӯз дар Эрон», «Баҳори Аврупо», «Наврӯз дар Афғонистон», «Наврӯз дар Қирғизистон», «Анъанаҳои наврӯзӣ дар Покистон», «Ашъори наврӯзӣ», «Бозтоби Наврӯз ва оинҳои он дар шеъри суханварони асрҳои IX-XI» аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ҳамоиши маърифатию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин аз ҷониби магистрантон қироати шеъри наврӯзӣ дар назар дошта шудааст.

Март 13, 2019 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид