Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2020 бенасиб монд
ДУШАНБЕ, 27.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки соли оянда дар Таиланд мегузаранд, дар канор монд. Ин дар ҳоле рух дод, ки дирӯз футболбозони кишварамон дар бозии охирини гурӯҳи «F» дар шаҳри Тошканд вохӯриро бо мизбонони ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд.
Дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии аввал бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо натиҷаи 2:0 ғалаба карда, дар маҷмӯъ соҳиби 4 имтиёз ва ҷои дуюм шуд. Аммо шумораи голҳои ками олимпичиёни тоҷик ба онҳо имкон надод, ки аз зинаи дуюм ба бозиҳои финалӣ роҳхат гиранд.
Дар баробари ин 4 дастаи хуштолеи гурӯҳҳо- Австралия, Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ аз зинаи дуввум иштироки худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё таъмин карданд.
Ҷадвали дастаҳои мақоми дуввум чунин шакл гирифт:
Дар ин раддабандӣ дастаҳои мунтахаби Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ, ки бозиҳояшон баъди вохӯрии дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон (0:0) барпо гардид, барои худ натиҷаҳои мувофиқ ҳосил карданд (Ироқ – Эрон- 0:0, аз гурӯҳи “С”, Арабистони Саудӣ- АМА- 1:1, аз гурӯҳи “Д” ва Урдун – Сурия-1:1, аз гурӯҳи “Е”) .
Дар вақти холшуморӣ таносуби тӯбҳо ва огоҳиҳо ба назар гирифта шуд ва дастаҳои мазкур аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш гузаштанд.









Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






