ФУТБОЛ: дастаи «Истиқлол» бори ҳаштум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2019 гардид

Март 30, 2019 07:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Суперҷоми Тоҷикистон-2019 байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин вохӯрии ҷолиб  дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд пирӯз шуда, соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2019 гардиданд.

Бояд зикр кард, ки  дар дақиқаи 38-уми бозӣ футболбозони меҳмон қоидаи дидорро вайрон намуданд ва довар ба дарвозаашон зарбаи ҷаримавии 11-метра таъйин кард. Голро легионери  дастаи «Истиқлол»  Руслан Корян бе хато ба ҳадаф расонида, дастаашро ба пеш баровард. Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб, яъне 1:0 ба  нафъи дастаи  «Истиқлол» хотима ёфт.

Дар оғози пайти дуюми дидор боз Руслан Корян голи дуюмро ба ҳадаф расонида, шумораи голҳои дастаашро дучанд кард. Дар ин бозӣ нуқтаи ниҳоиро Шаҳром Самиев гузошт. Ҳамин тариқ бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2019 бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи  «Истиқлол» хотима ёфт. Акнун дастаи футболи  «Истиқлол» маротибаи ҳаштум ҷоми мазкурро боли сар бардошт. Дастаи «Хуҷанд» маротибаи сеюм аз ҷоизаи мазкур маҳрум мешавад. Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта низ  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  ҷоми мазкурро соҳиб гардида буд.

Ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2019):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз зарбаҳои пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) –1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

Март 30, 2019 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд