Иштирокчиёни конфронси минтақавии «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» аз ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати иштирокчиёни конфронси минтақавии «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» аз Маркази ҷавонони ноҳияи Шаҳринав дидан намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати меҳмонон аз намояндагии Созмони Милали Муттаҳид, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Покистон, Муғулистон ва сафирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иборат буда, онҳоро дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Шаҳринав ҷавонону наврасон бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон зимни боздид аз маркази ҷавонон бо ҳайати муҳассилини курсҳои омӯзишӣ суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳатҳо доданд.
Дар марказ курсҳои омӯзишӣ, аз қабили забони русӣ, англисӣ, компютерӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуда, омӯзиши он ройгон мебошад. Дар ҳар як курс беш аз 30 нафар ҷавонон дар муҳлати 3 моҳ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Меҳмонон аз ин иқдоми Ҳукумат нисбат ба ҷавонон изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки курсҳои мазкур барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни конфронси минтақавии «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, аз ҷойҳои таърихии шаҳр дидан намуданд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Имрӯз ҷавонон имконият доранд бо истифода аз шароити мусоид ба омӯзиш ва азхуднамои донишҳои муосир ва рушду малакаҳои зеҳнӣ машғул шаванд.










Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд






