«Истиқлол» — «Хуҷанд»: мураббиён чӣ мегӯянд?

Март 29, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 -«Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- «Хуҷанд»-и Хуҷанд  бо ҳам қувва меозмоянд. Ба ин хотир дар шаҳри  Душанбе нишасти хабарии сармураббиён доир гардид, ки дар он Ҳаким Фузайлов-сармураббии дастаи “Истиқлол” бо Фатҳулло Фатҳуллоев ва сармураббии дастаи “Ҳуҷанд” Нӯъмон Юсупов бо Дилшод Восиев ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб доданд.

Ҳаким Фузайлов гуфт: “Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд буда, ба мавсими нави футбол дар мамлакат оғоз мебахшад ва тайёрии дастаҳоро ба бозиҳои Ҷоми КФО нишон медиҳад.  “Истиқлол” ба мавсими нав омода аст ва мо ягон мушкилӣ надорем. Дар ҳайати даста он бозингароне интихоб шудаанд, ки  вазифаҳои дар наздашон гузошташударо иҷро карда метавонанд”.

Капитани дастаи “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев зикр намуд, ки “барои мо ин вохӯрӣ хеле муҳим мебошад. “Хуҷанд” рақиби боэътимод ва арзишманд аст, зерро маҳз “Хуҷанд”  ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО роҳахат гирифт. Мо ба ин даста дар бозиҳои плей-офф мухлисӣ кардем ва дар бозии Ҷоми олии мамлакат кӯшиш мекунем, ки бозии зебо нишон дода, хотири мухлисонро шод гардонем”.

Сармураббии дастаи “Хуҷанд” Нӯъмон Юсупов умед дорад, ки дастпарваронаш дар бозии сеюм барои Ҷоми олии Тоҷикистон ба комёбӣ муваффақ мешаванд. Ӯ ҳамаи ҳаводорону масъулони футболи кишварро бо оғоз ёфтани мавсими нави футбол муборакбод карда, гуфт: “Мо имсол тайёрии пухта дидаем. Новобаста ба он, ки рақиби мо имсол бозингарони зиёде харида, ҳайатро боз ҳам пурқувваттар кард, кӯшиш менамоем, ки бозии хуб нишон дода, соҳиби Ҷоми олӣ шавем. Мухлисон инро аз мо интизоранд ва футболбозон ҳамагӣ омодаанд”.

Дилшод Восиев, ки ба ҳайси капитании “Истиқлол” солҳои зиёд шарафи ин дастаро ҳимоя кардааст, имсол ба “Хуҷанд” гузашт ва дар нишасти хабарӣ иштирок карда, чунин гуфт: “Мо ба мубориза омодаем, “Истиқлол” –ро хеле хуб медонем ва дар ҳайати он ман 10 сол бозӣ кардаам ва ҳамаро мешиносам. Дастаи нави ман “Хуҷанд” дар вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон нишон хоҳад дод, ки ӯ ҳам тайёр аст ва метавонад шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои байналмилалӣ ба таври арзанда ҳимоя кунад. Хеле хурсандам, ки боз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назди мухлисон бозӣ мекунам. Аҷаб эҳсосоте маро фаро гирифтааст. Кӯшиш мекунам, ки ба дастаи нави худ кумак расонам”.

Март 29, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд