«MADE IN TAJIKISTAN». Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» — муаррифи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ
ДУШАНБЕ, 28.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 ширкати тавлидотии ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи Саид иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, инчунин меҳмонон сухан карданд.
Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ин замина тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин росто, Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ дар «Кохи Борбад»-и пойтахт доман густурдааст, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт зарфи се рӯз- аз 28 то 31 март гузаронида мешавад. Дар он ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика, технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019.Баҳор» дар радифи беш аз 50 ширкати ватанӣ инчунин ширкатҳои тавлидотӣ аз кишварҳои хориҷӣ, назири Россия, Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва Афғонистон молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, аз қабили «Покофар», «Ширин», «Лазкон», «Тоҷ сармоя», «Темуриён», «Намаки Ашт», «Комбинати шири Кӯлоб», «Зиркон», «Элегант», «Silkсолт», «Арча», «Рухом», «Зари Кӯлоб», ки дар намоишгоҳ бо навиштаҷоти «Made in Tajikistan» гузошта шудаанд, бозгӯи рушди соҳибкорӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон -2019.Баҳор» ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шавад.











Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид






