«Мактаби шуҷоат»-и Академияи ВКД ҷавононро ба хизмати бошараф ба Ватан даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ дар Академияи ВКД ҶТ дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» ташкил шудааст, ки зимни он роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо шунавандагону курсантон ва донишҷӯёни фаъоли дигар донишгоҳҳои мамлакат суҳбату мулоқоти судманд доир менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Воқеан ба қадру қимати неъмати бебаҳо- тинҷию амонии кишвар мебояд расид ва ҷиҳати пойдории он аз ҳар нафар нангу номус ва ҳисси баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ талаб карда мешавад. Маҳз тинҷию амонист, ки имрӯз мардуми тоҷик дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст»,-зикр намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни иштирок дар дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот сардори мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, ки бо ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат сол то сол ҷавонону наврасон ҷиҳати таҳсили илм бо шароити хуб таъмин гардида истодаанд. Ин бешубҳа, аз сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад.
Шариф Назарзода зимни гузаронидани дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» ба ҷавонон иброз дошт, ки «тинҷию амонии Ватан-осудагии модарон аст. Он нафаре, ки ба Ватан хиёнат мекунад, ӯ ба модараш хиёнат кардааст, зеро модар ӯро бо умеди зиёд барои хизмат ба Ватану сарзамин ба воя мерасонад».
Дар ҷараёни дарс мавсуф курсантону шунавандагони Академия ва дигар ҷавононро ба хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ даъват намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар айёми ҷавонӣ бештар ба омӯзишу таҳсил машғул шуда, вақти пурқимати худро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накунанд ва дар тарбияи ҳуқуқии ҳамсолони худ кумак расонанд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






