«МЕҲР ДАР ДИЛ ПАРВАРИДАН РАСМУ ОЙИНИ МАН АСТ…». Дар Душанбе муҳаббати як зани тоҷик ҳатто шоҳи ҳайвонотро ром кардааст!

Март 8, 2019 10:01

ДУШАНБЕ, 08.03.2019./АМИТ «Ховар»/. «Вақте аз «Боғи ҳайвонот» дидан намудем, чашмамон ба панҷараи шер афтод. Дар даруни панҷара шоҳи ҳайвонҳо танҳо набуд, балки бо зане бозӣ мекард. Бо супоришҳои пай дар пайи ин зан шер бо дастонаш занро дошта, гоҳ аз ҷой хеста, гоҳи дигар ба пушт худро мепартофт….», — навиштааст хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ.

Тамошобинон ин манзараи диққатҷалбкунандаро бо шавқу завқ тамошо мекарданд, баъзеи онҳо акс мегирифтанд ва бархеи дигар бо шеру зан якҷоя селфӣ мекарданд. Ин зан дар даҳони шерҳо ҳар гуна ширинӣ мемонд, пуштҳояшонро мехорид, суҳбат мекард, супориш медод, механдид… Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин зани ромкунандаи шоҳи ҳайвонҳо суҳбат орост, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 «Ман зани тоҷикам!»

Зуҳро Эмомова зодаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба ҳайвонҳо меҳри беандоза дошт. Аввалин ҳайвони дӯстдоштаи Зуҳро сагчаааш Шарик буд. Волидайн аз рафтори ғайриодии духтарашон дар ташвиш буданд. Ҳамеша ба ӯ таъкид мекарданд, ки ба корҳои духтарона-хонарӯбӣ, хамиркунию дӯзандагӣ машғул шавад, вале ҳушу хаёли Зуҳро ба нигоҳубини ҳайвонҳо, аз ҷумла сагчааш Шарик банд буд. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти умумии №22-и ноҳияи мазкур Зуҳро дар курси дӯзандагӣ таҳсилро идома медиҳад. Вале, мутаассифона, касби дӯзандагӣ ба ӯ писанд намеояд.

Тақдир Зуҳроро ба «Боғи ҳайвонот» овард

Ӯ мегӯяд: «Рӯз аз рӯз муҳабатам нисбат ба ҳайвонҳо зиёд мешуд. Бо онҳо дӯстӣ мекардам рози дил мегуфтам. Ин рафторамро ҳамсояҳо дида, ба ман мегуфтанд, ки «рав, дар «Боғи ҳайвонот» кор кун».  Хуллас, бо амри тақдир соли 2007 ба пойтахти кишвар, ба Боғи ҳайвонот ба кор омадам. Аз соли 2007 инҷониб дар Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе ба нигоҳубини ҳайвонҳои ваҳшӣ машғул мебошам. Дар айни ҳол ба ҳайси мудири шуъбаи ҳайвонҳои ваҳшӣ фаъолият карда истодаам. Дар як ҳафта 6 рӯз аз соати 8 то 18 кор мекунам. Рӯзи истироҳати ман рӯзи душанбе аст, вале рӯзҳои душанбе ҳам барои хӯрок додани ҳайвонҳо меояму барвақттар ба хона меравам».

Шер ба Зуҳро унс гирифт

«Ман ин ҳайвонҳои ваҳширо бисёр дӯст медорам. Онҳоро мисли фарзандам нигоҳубин мекунам. Онҳо ҳам маро дӯст медоранд. Як рӯз наздашон наоям, маро пазмон мешаванд ва рӯзи дигар ба истиқболам медаванд, оғӯш мегиранд. Соле қабл, вақте ки ман ба рухсатии меҳнатӣ рафтам, яке аз шерҳо касал шуд. Дар шуъбаи мо 13 панҷара аст, ки дар дохилашон гург, шер, паланг ва хирс зиндагӣ мекунанд. Аз ҳамин миқдор панҷара як панҷарааш холӣ аст. Барои таги пойҳои онҳоро тоза кардан, ман бо тартиб ҳайвонҳои панҷараи дуюмро ба панҷараи якум мегузаронам ва панҷараи ифлоскардаашонро тоза мекунам. Бо ҳамин тартиб, ҷои ҳамаашонро ҳар рӯз тоза мекунам, онҳоро бо об мешӯям ва бовар кунед, аз ин кор ҳаловат ҳам мебарам»,-хушҳолона иброз медорад ин зани ромкунандаи ҳайвонҳои ваҳшӣ.

 Дар қафаси оҳанин ҳам озодам

«Ман дар қафаси оҳанин ҳам худро озод ҳис мекунам.  Дар як қафас танҳо бо  ҳайвонҳои дарранда намеҳаросам, балки ба онҳо боварӣ дорам. Ҳайвон ҳам ҳиссиёти одамро мефаҳмад. Агар шахс ба гандагӣ ва бо нияти зарар расонидан ё ғам додан ба онҳо наздик шавад, ё аз дур ҳам муносибат кунад, онҳо ҳатман инро мефаҳманд. Қафас мисли майдони ҷанг аст, бояд натарсида амал кунӣ»,-мегӯяд Зуҳро.

Меҳри зан шерро ҳам ром мекунад

Муҳаббати зан беандоза аст, ки онро туҳфаи илоҳӣ мегӯянд. Қудрати муҳаббати зан даррандаро ҳам ром мекунад. Бояд дар дили ҳар як зан муҳаббати самимӣ парварида шавад. Яъне агар зан муҳаббати самимӣ дошта бошад, тамоми мавҷудоти рӯи оламро асири худ мегардонад. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст», гӯён ин зан бо зиндагӣ созгор шуда, қудрати якҷо ва пайванд карданро дорад. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, наҷобат, балоғат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад.

Бигзор, меҳру муҳаббати занону модарон ҳеҷ гоҳ поён наёбад ва дар партави меҳру самимияти ин ниҳоди меҳровар зиндагӣ рангину зебо шавад ва оташи ҷангу хунрезиҳое, ки имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон аз таассубу ҷаҳолати мардон рӯйи кор меояд, бо оби меҳрубонию самимияти занону модарон абадан хомӯш гардад.

Зуҳро Эмомова ромкунандаи шер, Маргарита Назарова  ромкунандаи паланг

Ҳангоми дидани ин манзара, бе муҳобо филми бадеию шавқовар ва машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ «Сафари алобуло», ки соҳиби чандин ҷоизаҳо гардидааст, пеши назар ҷилвагар мешавад. Манзараи ин филм, ки дар он солҳо бо иштироки ҳайвони ваҳшӣ бори аввал рӯи навор омад, тамошобинонро дар ҳайрат гузошт. Маргарита Назарова аввалин зани машҳури  ромкунандаи палангон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки дар панҷара наҳаросида, танҳо бо ҳайвони ваҳшӣ меистод.   Соли 1954 зимни банаворгирии филми ҳаҷвии «Сафари алобуло» («Полосатый рейс») Маргарита Назарова, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Людмила Касаткинаро, ки дар як қафас бо палангон буданро рад карда буд, иваз менамояд.

Қиссаи ба олами кино ворид шудани ситораи сирки Иттиҳоди Шӯравӣ Маргарита Назарова аз ташрифи ходими давлативу сиёсӣ Никита Хрушёв ба барномаи ҳунарии ӯ дар сирк оғоз мешавад. Баъди тамошои ҳунарнамоии ӯ Хрушёв мегӯяд, ки «чунин занҳои қаҳрамон танҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд. Дар бораи онҳо бояд филмҳо рӯи навор оварда шаванд!».

Ин як ишора барои ба навор гирифтани филм буд. Коргардони филми «Сафари алобуло» Владимир Фетин шӯхиомез мегӯяд, ки «агар умр вафо кунад, кӯшиш мекунам, ки дар ин бора як филми аҷоиб ва хандаовар ба навор гирам». Дар ҳақиқат он вақтҳо бо иштироки ҳайвоноти дарранда ягон филм ба навор гирифта нашуда буд. Ҳайати филмбардорон дар изтироб буданд. Ягона шахсе, ки дар ҳаяҷон набуд-ин худи ҳунарманд Маргарита Назарова буд. Ӯ танҳо аз як чиз дар хавотир буд, ки оё аз уҳдаи нақш мебаромада бошад. Дар бораи палангон шубҳае ҳам надошт, зеро ба онҳо боварӣ дошт.

Дар ҳақиқат вақте ки роҷеъ ба зан суҳбат мекунем, дар ҳама ҳолат, бидуни эҳсос ҳарф задан мушкилӣ пеш меорад, чаро ки зан маҷмӯаи эҳсосу отифат ва самимияту муҳаббат аст. Аз аввали таърихи башарӣ то имрӯз зан ба сифати ҷинси муҳим ва калидии зиндагӣ дар масири умри инсонӣ гом мебардорад ва бо муҳаббату латофат, самимияту назокат, меҳру шафқат, вафову садоқат ва билохира шарофату наҷобат зиндагиро рангину дӯстдоштанӣ месозад. Беҳуда нест, ки ин Олиҳаи зиндагиро бузургони башар «Офаридгори дуввум» унвон додаанд ва ин тавсиф ба он хотир аст, ки зан ва модар тавлидгари насли инсонист, офаридгори насл, офаридгори асл ва офаридгори васл аст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Март 8, 2019 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид