«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан

Май 20, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз аз рӯзгорони бостон, аз замонҳое, ки ниёкони ориёии мо дар паҳнои таърих, дар канори рӯдҳои равон, дар домани кӯҳҳои сарбафалак ва дар оғӯши сарзаминҳои хуршедӣ мезистанд, мафҳумҳои хок, Ватан, ниёкон ва номи нек ҷойгоҳи муқаддас доштанд. Барои ориёиҳо хок танҳо зарраҳои замин набуд. Хок рамзи ҳастӣ, реша, пайванд, таваллуд, ризқ, хотира ва бозгашт ба оғӯши модар буд. Инсон аз хок бармехост, бо меҳри хок мезист ва баъд аз анҷоми умр боз ба хок бармегашт, то дар сирри абадии табиат бо Ватан як шавад.

Дар ҷаҳонбинии ниёкони ориёии мо пос доштани руҳи гузаштагон, ёд кардани падарон, гиромӣ доштани қаҳрамонон ва нигоҳ доштани номи нек аз муҳимтарин нишонаҳои ахлоқи баланд ба шумор мерафт. Онҳо хуб медонистанд, ки инсон бе гузашта мисли дарахти береша аст. Агар реша хушк шавад, шоха сабз намемонад. Агар хотира гум шавад, ҳувият низ ранги худро мебозад. Аз ҳамин рӯ, дар фарҳанги ориёӣ хотираи ниёгон танҳо ёдоварии рафтагон набуд, балки неруи зиндаи маънавие буд, ки наслҳоро ба ҳам мепайваст.

Ниёгони мо рӯшноиро дӯст медоштанд, ростиро мепарастиданд, некномиро болотар аз дороӣ мешумориданд ва зиндагии инсонро бо се рукни ҷовидонаи маънавӣ месанҷиданд- андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек. Дар чунин фарҳанг касе бузург дониста мешуд, ки барои мардум, барои ростӣ, барои ободии сарзамин ва барои сарбаландии қавму миллати худ зиндагӣ кунад. Аз ҳамин ҷост, ки дар шуури таърихии тоҷикон бузургон танҳо шахсони гузашта нестанд. Онҳо чароғҳои роҳанд, ситораҳои ҳидоятанд, пояҳои маънавии миллатанд.

Дар тамаддуни бостонии ориёӣ номи нек умри дуюми инсон ба шумор мерафт. Ҷисм фано мешавад, аммо номи нек дар ёди халқ боқӣ мемонад. Қабр танҳо макони оромиши ҷисм нест. Қабр нишонаи пайванди инсон бо хок, бо сарзамин, бо хотираи наслҳо ва бо рози абадияти Ватан аст. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ хоки фарзанди бузурге ба Ватан бармегардад, ин танҳо бозгашти як мушти хок нест. Ин бозгашти як пораи таърих, як пораи руҳ, як пораи ҳувияти миллӣ ба оғӯши Ватан аст.

Таърихи ориёии мо аз оғоз ба мо омӯхтааст, ки Ватан танҳо макони зист нест. Ватан маъбади хотира аст. Дар он хоки падарон, ашки модарон, ормони фарзандон, номи шаҳидон, сухани донишмандон ва фидокории давлатмардон нуҳуфтааст. Агар миллате ин сарватҳои маънавиро гиромӣ надорад, вай аз худ дур мешавад. Аммо агар ба гузаштагони худ рӯй меорад, номи онҳоро зинда мекунад ва хоки онҳоро ба оғӯши Ватан бармегардонад, вай дар ҳақиқат руҳи таърихии худро эҳё месозад.

Аз ҳамин сарчашмаи бостонӣ, аз фарҳанги ориёӣ, аз меҳри хок, аз поси ниёкон ва аз эҳтироми номи нек, то ба фарҳанги форсӣ, тоҷикӣ ва тамаддуни ориёӣ як риштаи равшани маънавӣ идома ёфтааст. Бузургонро бояд шинохт, хотираи онҳоро бояд пос дошт, қабри онҳоро бояд гиромӣ дошт ва кори неки онҳоро бояд ба наслҳои оянда расонд.

Дар фарҳанги башарӣ, бавижа дар тамаддуни ориёӣ пос доштани хотираи бузургон танҳо расми эҳтиром нест. Он рукни ҳастии маънавӣ, меъёри худшиносӣ ва нишонаи зинда будани руҳи миллат аст. Миллате, ки гузаштагони худро мешиносад, бузургони худро гиромӣ медорад ва номи фарзандони фидокорашро аз ғубори фаромӯшӣ берун меорад, дар ҳақиқат миллати бедор, соҳибхотира ва соҳибоянда аст.

Дар ҳикмати арабӣ гуфтаанд: «Ҳар кӣ гузашта надорад, имрӯз ҳам надорад».

Ин сухан ба мо мефаҳмонад, ки таърих танҳо хотираи рӯзҳои рафта нест, балки решаи ҳастии имрӯз ва чароғи роҳи фардост. Файласуфи ғарбӣ Ҷорҷ Сантаяна низ ҳушдор додааст, ки миллатҳо ва инсонҳое, ки гузаштаро ба ёд намеоранд, маҳкуманд иштибоҳҳои онро такрор кунанд. Ситсерон, мутафаккири бузурги Рум, маънии наздик ба ин андешаро чунин баён намудааст: касе, ки аз рӯзгори пеш аз худ огоҳ нест, ҳамеша дар кӯдакии маънавӣ боқӣ мемонад. Эдмунд Бёрк низ таъкид кардааст, ки ҷомеае, ки ба гузаштагон эҳтиром намегузорад, ба ояндагон низ наметавонад содиқ бошад. Ва Гегел бо нигоҳи фалсафии худ таърихро майдони худшиносии руҳи инсонӣ медонист, яъне миллат дар оинаи таърих худро мешиносад, роҳи худро меёбад ва мақоми худро дар ҷаҳон дарк мекунад.

Аз ин рӯ, пос доштани хотираи бузургон танҳо арҷгузорӣ ба гузашта нест; он як амали амиқи худшиносӣ, як навъ гуфтугӯи зиндагон бо рафтагон ва як паймони маънавӣ миёни наслҳост. Миллате, ки бузургони худро мешиносад, қабри онҳоро гиромӣ медорад ва номи онҳоро ба хотираи ҷамъӣ бармегардонад, дар асл ояндаи худро аз фаромӯшӣ, бегонагӣ ва беасолатӣ ҳифз мекунад. Бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба Ватан маҳз чунин маъно дорад: эҳёи хотира, адои қарзи маънавӣ, барқарории адолати таърихӣ ва пайванди дубораи имрӯзи соҳибистиқлол бо решаҳои пурифтихори миллат.

Ин суханони кӯтоҳ дар худ фалсафаи бузурге доранд. Имрӯзи миллат аз решаҳои дирӯзаш об мехӯрад ва ояндаи он бар шонаи хотираи таърихӣ бино мешавад. Агар миллат қабри бузургони худро фаромӯш кунад, дер ё зуд нишонии маънавии худро низ гум мекунад. Аммо агар хоки фарзандони сарсупурдаи худро ба оғӯши Ватан баргардонад, дар асл хотираи худ, иззати худ ва пайванди абадии худро бо таърих эҳё месозад.

Адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ низ ҳамеша номи нек ва хизмат ба мардумро болотарин мероси инсон донистааст. Саъдии бузургвор фармудааст:

Номи некӯ гар бимонад з — одамӣ,
Беҳ к — аз ӯ монад сарои зарнигор.

Ҳофизи Шерозӣ низ бо забони ҷовидонаи шеър ҳамин ҳақиқатро чунин баён кардааст:

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Ин суханон ба сарнавишти фарзандони бузурги миллат басе мувофиқанд. Онҳо ҷисман аз ҷаҳон мераванд, аммо бо ишқи Ватан, бо садоқат ба миллат, бо мубориза барои давлатдорӣ ва бо хизмати беғараз ба халқ дар ҷаридаи олам ҷовидон мемонанд. Бузургон баъд аз марг дигар танҳо шахсият нестанд. Онҳо ба рамз табдил меёбанд. Рамзи бедорӣ, рамзи фидокорӣ, рамзи давлатдорӣ, рамзи виҷдони миллӣ.

Аз ҳамин назар, замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон давраи эҳёи хотираи таърихӣ, бозшиносии арзишҳои миллӣ ва барқарор гардидани адолати маънавӣ нисбат ба фарзандони сарсупурдаи миллат номид. Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият на танҳо пояҳои давлатдории навини тоҷикон устувор гардид, балки руҳи таърихии миллат низ аз нав бедор шуд. Номҳои фаромӯшшуда эҳё гардиданд, чеҳраҳои таърихӣ ба ҷойгоҳи шоистаи худ баргардонда шуданд, оромгоҳҳо обод гардиданд, мероси ниёгон гиромӣ дошта шуд ва худшиносии миллӣ ба яке аз меҳварҳои асосии сиёсати давлат табдил ёфт.

Дар ин силсилаи иқдомҳои маънавӣ ва таърихсоз ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар мавриди ба Тоҷикистон овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни се бузургмарди миллат: Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад ҷойгоҳи махсус дорад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИТ «Ховар», 18 майи соли 2026 дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.

19 май дар хотираи миллати тоҷик ҳамчун яке аз он рӯзҳои пуррамзу пурмаъно сабт хоҳад шуд, ки дар он таърих, Ватан, давлатдорӣ ва эҳтироми инсонӣ ба ҳам омаданд. Дар ин рӯзи муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи се фарзанди фарзонаи миллат: Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Ин ҳузур танҳо як иштироки расмии Роҳбари давлат дар як маросими давлатӣ набуд. Ин ҳузур маънои бисёр амиқтар дошт. Ин ҳузури Ватан буд дар пешорӯи фарзандони худ. Ин ҳузури давлат буд дар назди хотираи бунёдгузорони худ. Ин ҳузури миллат буд дар назди руҳи онҳое, ки барои номи тоҷик, барои сарнавишти тоҷик ва барои давлатдории тоҷик ҷон сӯхтаанд.

Дар он лаҳза гӯё фурудгоҳи Душанбе ба саҳнаи бузурги таърих табдил ёфта буд. Осмон, замин, парчам, сукут, эҳтиром ва чашмҳои пур аз андеша ҳама як маъно доштанд: фарзандони миллат ба Ватан бармегарданд. Он мушти хок дигар танҳо хок набуд. Он дар худ таърих дошт, дард дошт, ғарибӣ дошт, ормон дошт, садои хомӯши солҳои дурро дошт. Он хок аз қабристоне меомад, ки дар он солҳо се руҳи бузург дар хомӯшӣ қарор доштанд, аммо номи онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираи миллат берун нарафта буд. Он хок ба Тоҷикистон омад, ба сарзамине, ки руҳи онҳо ҳамеша он ҷо буд, ба кӯҳҳое, ки ормони онҳо дар қуллаҳояш парвоз мекард, ба замине, ки барои давлатдории он зиндагии худро бахшиданд.

Иштироки шахсии Пешвои муаззами миллат дар ин маросим паёми равшан ва пурҳикмат дошт. Ин паём ба гузаштагон буд, ки Ватан фарзандони содиқи худро фаромӯш намекунад. Ин паём ба насли имрӯз буд, ки истиқлолият танҳо неъмати сиёсӣ нест, балки масъулияти бузурги таърихист. Ин паём ба наслҳои оянда буд, ки ҳар кӣ барои миллат хизмат кунад, рӯзе миллат номи ӯро бо эҳтиром ба забон меорад ва хотираашро ба ҷойгоҳи шоиста мерасонад. Дар ин иқдом на танҳо меҳри роҳбар ба таърих, балки фалсафаи давлатдории миллӣ, фарҳанги сипос, адолати маънавӣ ва эҳтиром ба решаҳои миллат таҷассум ёфт.

Он лаҳзае, ки Пешвои миллат ба хотираи Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад арзи эҳтиром намуданд, гӯё ба тамоми таърихи ранҷкашидаи тоҷикон сари таъзим фуруд оварданд. Ин эҳтиром танҳо ба се шахсият набуд. Ин эҳтиром ба тамоми он фарзандони миллат буд, ки дар замонҳои душвор барои ҳастии тоҷик, барои забони тоҷикӣ, барои мактаби тоҷикӣ, барои давлатдории тоҷикӣ ва барои ҳаққи таърихии ин мардум мубориза бурданд. Ин эҳтиром ба он ормонҳое буд, ки замоне дар дилҳои мардони бедор шуъла мекашиданд ва имрӯз дар симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳақиқати зинда табдил ёфтаанд.

Дар ин маросим мушти хок ба рамзи бузург табдил ёфт. Хок, ки дар зоҳир хомӯш аст, дар чунин лаҳзаҳо аз ҳама баландтар сухан мегӯяд. Он мегӯяд, ки инсон меравад, аммо хизмат мемонад. Ҷисм фано мешавад, аммо номи нек абадӣ мегардад. Қабр дур мешавад, аммо хотираи миллат роҳҳои дурро низ тай мекунад. Солҳо мегузаранд, давлатҳо тағйир меёбанд, давронҳо дигар мешаванд, вале Ватан он фарзандонеро, ки барои ӯ ранҷ кашидаанд, дер ё зуд ба оғӯши худ мехонад. Ва ҳамин хониши Ватан дар он рӯзи таърихӣ дар фурудгоҳи Душанбе садо дод.

Ҳузури Пешвои миллат дар ин рӯйдод боз як бор нишон дод, ки роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо роҳбарии сиёсӣ нест. Ин роҳбарии маънавӣ низ ҳаст. Ин роҳбариест, ки дар он давлатдорӣ бо хотира, сиёсат бо ахлоқ, истиқлол бо худшиносӣ ва имрӯз бо таърих пайванд меёбад. Чунин иқдомҳо аз доираи тадбирҳои маъмулӣ фаротаранд. Онҳо аз қалбе бармеоянд, ки сарнавишти миллатро эҳсос мекунад, аз андешае сарчашма мегиранд, ки медонад миллат бе хотира миллат нест ва давлат бе эҳтиром ба гузашта пояи устувори маънавӣ нахоҳад дошт.

Дар ин ҷо фалсафаи бузурги Ватан ошкор мешавад: Ватан танҳо замини зист нест, Ватан оғӯши хотира аст. Ватан он ҷоест, ки фарзандонаш ҳатто баъд аз солҳои ғарибӣ ба он бармегарданд. Ватан он ҷоест, ки хок маъно мегирад, ном ҷовидон мешавад, қабр ба мактаби ибрат табдил меёбад ва таърих бо забони сукут ба наслҳо дарс медиҳад. Вақте Пешвои миллат он мушти хокро бо эҳтиром истиқбол гирифтанд, дар асл Ватан фарзандони худро истиқбол гирифт. Дар он лаҳза байни зиндагон ва гузаштагон, байни имрӯзи соҳибистиқлол ва дирӯзи пурранҷ, байни ормон ва воқеият пули маънавӣ барпо гардид.

Ин ташаббуси наҷиб аз он ҷиҳат беназир аст, ки дар он эҳтиром ба инсон, эҳтиром ба таърих, эҳтиром ба давлатдорӣ ва эҳтиром ба руҳи миллат якҷо таҷассум ёфтааст. Бисёр иқдомҳо метавонанд бино созанд, роҳ кушоянд, шаҳр обод кунанд, аммо чунин иқдомҳо руҳи миллатро обод мекунанд. Онҳо хотираро бедор месозанд, виҷдони ҷомеаро ба ҳаракат меоранд ва ба мардум мефаҳмонанд, ки бузургӣ танҳо дар зиндагонӣ нест, бузургӣ дар он аст, ки баъд аз рафтан низ номи инсон ба Ватан хизмат кунад.

Аз ин рӯ, ин рӯзро метавон рӯзи бозгашти рамзии фарзандони миллат ба оғӯши модар Ватан номид. Рӯзе, ки дар он хок ба ашк, ашк ба ифтихор, ифтихор ба худшиносӣ ва худшиносӣ ба неруи миллӣ табдил ёфт. Рӯзе, ки дар он Пешвои муаззами миллат бо як амали пурмаъно нишон доданд, ки эҳёи таърих танҳо бо китобу сухан нест, балки бо амал, бо эҳтиром, бо маросими бошукуҳ ва бо баргардонидани ҳаққи маънавии фарзандони миллат ба ҷойгоҳи шоиста анҷом меёбад.

Ва дар чунин лаҳзаҳо қалам низ ба андеша фурӯ меравад. Чӣ гуна метавон ин ҳама маъноро дар чанд ҷумла ҷой дод? Чӣ гуна метавон васфи иқдомеро гуфт, ки дар он як мушти хок ба тамоми таърих баробар мешавад? Чӣ гуна метавон эҳсоси миллатеро баён кард, ки фарзандони сарсупурдааш пас аз солҳои дурӣ ба оғӯши Ватан бармегарданд? Шояд танҳо ҳаминро метавон гуфт: ин иқдом аз ҷинси муҳаббат аст, аз ҷинси вафо, аз ҷинси адолат ва аз ҷинси он бузургиест, ки танҳо аз дили роҳбари хирадманд, эҳёгари таърих ва посдори хотираи миллӣ бармеояд.

Ин рӯйдодро наметавон танҳо интиқоли хок номид. Ин бозгашти хотира аст. Ин бозгашти ҳақиқат аст. Ин бозгашти се пора аз таърихи парешони миллат ба оғӯши Ватан аст. Гӯё худи таърих баъд аз солҳо сукут лаб ба сухан кушода мегӯяд: фарзандони асили миллат ҳаргиз гум намешаванд. Агар замон онҳоро дур барад, Ватан рӯзе онҳоро бозпас мехонад.

Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум аз чеҳраҳои калидии ташаккули давлатдории тоҷикон дар садаи бист мебошанд. Шириншо Шотемур дар сарчашмаҳои расмӣ ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз шахсиятҳое ёд мешавад, ки неру ва дониши худро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона кардааст. Нусратулло Махсум низ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди ҷонфидо ва аз шахсиятҳои барҷастаи роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ шинохта мешавад. Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои маърифатпарвар ва хизматгузори роҳи маориф, забон ва бедории миллии тоҷикон ба шумор меравад.

Аммо таърих танҳо бо санад зинда намемонад. Таърих бо эҳтиром зинда мемонад. Бо ёд. Бо ашк. Бо дуо. Бо он лаҳзае, ки миллат ба гузаштагони худ мегӯяд: мо шуморо фаромӯш накардем. Ва чӣ лаҳзае баландтар аз он, ки хоки рамзии фарзандони миллат аз ғарибии таърих ба оғӯши Тоҷикистони соҳибистиқлол бармегардад.

Шириншо Шотемур- ин ном худ як садоест аз дили таърих. Садои марде, ки дар замони сахти сиёсатҳои печида ва марзбандиҳои сарнавиштсоз ба майдон омад. Ӯ фаҳмид, ки миллат агар дар харитаи сиёсат ҷой надошта бошад, рӯзе дар хотираи ҷаҳон низ камранг мешавад. Вай аз он зумра фарзандони Ватан буд, ки номи тоҷикро на ҳамчун як калима, балки ҳамчун як ҳақиқат, як ҳувият, як сарнавишт ҳифз кард. Дар зиндагии ӯ на танҳо сиёсат, балки иродаи миллӣ, ҷасорати таърихӣ ва садоқат ба мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.

Нусратулло Махсум- марди сарсупурдаи майдони давлатсозӣ, фарзанди халқ, ки аз миёни ранҷу меҳнат бархост ва ба яке аз поягузорони давлатдории тоҷикон табдил ёфт. Ӯ аз он мардоне буд, ки Ватанро на дар сухан, балки дар сарнавишти худ бардошт. Дар чеҳраи ӯ симои инсоне дида мешавад, ки барои соҳибдавлат гардидани миллат, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва барои устувории ояндаи тоҷикон ранҷ кашид.

Нисор Муҳаммад, рамзи маърифат, забон ва бедории фикрӣ. Ӯ медонист, ки миллат танҳо бо замин зинда намемонад. Миллат бо забон, мактаб, китоб, андеша ва руҳи маърифат зинда мемонад. Агар забон хонаи руҳи миллат бошад, пас маориф чароғи он хона аст. Агар мактаб бедор бошад, миллат бедор мемонад. Агар китоб зинда бошад, хотира намемирад. Нисор Муҳаммад аз ҳамин мактаби андеша буд, аз мактабе, ки на танҳо хондан, балки миллатро шинохтан меомӯзад.

Ин се бузургмард дар рӯзгоре зистанд, ки сухан гуфтан аз манфиати тоҷик, аз номи тоҷик, аз давлатдории тоҷик ва аз ҳаққи таърихии тоҷикон кори осон набуд. Онҳо дар замоне ба майдони таърих ворид шуданд, ки ҳар қадам ҷасорат мехост, ҳар сухан масъулият дошт ва ҳар талош барои миллат метавонист сарнавишти инсонро ба фоҷиа барад. Аммо онҳо роҳи осонро интихоб накарданд. Онҳо роҳи Ватанро интихоб карданд.

Сарнавишти онҳо талх буд, аммо талхии сарнавишт бузургии маънои онҳоро кам накард. Баръакс, таърих гоҳе бузургонро аз роҳи ранҷ ҷовидон мекунад. Зиндагии онҳо қатраҳои хун ва ашк дошт, аммо аз ҳамон қатраҳо рӯзе дарахти давлатдории тоҷикон сабзид. Онҳо рафтанд, аммо ормони онҳо монд. Онҳо хомӯш шуданд, аммо номи онҳо ба сухани миллат табдил ёфт. Онҳо дар ғарибии таърих мадфун шуданд, аммо руҳи онҳо ҳамеша дар Ватан буд.

Ба ҳамин маъно, бозгашти хоки рамзии онҳо ба Тоҷикистон як амали одии маросимӣ нест. Ин маросими оштии таърих бо хотираи миллат аст. Ин саҷдаи Ватан ба фарзандони худ аст. Ин посухи деромадаи адолат ба он нидоҳои хомӯше аст, ки солҳои дароз аз зери хоки ғарибӣ ба сӯи кӯҳҳои Тоҷикистон парвоз мекарданд.

Дар маркази ин рӯйдоди пурмаъно симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми бузургии маънавӣ ҷилвагар мешавад. Зеро чунин ташаббус танҳо аз зеҳни сиёсатмадор намеояд. Чунин ташаббус аз қалби роҳбаре бармехезад, ки таърихро ҳамчун ҷузъи зиндаи ҳастии миллат эҳсос мекунад. Аз қалби касе бармехезад, ки медонад, давлатдорӣ танҳо сохтани роҳу бино нест, балки сохтани хотира, эҳёи ном, гиромидошти арзиш ва пайвастани дирӯз ба имрӯз аст.

Ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин иқдомҳои наҷиб хокро ба рамз табдил медиҳад, хотираро ба неруи миллӣ мубаддал месозад ва ба наслҳои имрӯз меомӯзад, ки миллат бе поси гузашта бузург намешавад. Ман чӣ гӯям васфи ин Пешвои муаззам, ки дар кори давлатдорӣ танҳо ба имрӯз наменигарад, балки бо чашми таърих ба дирӯз ва бо нигоҳи ормон ба фардо менигарад. Ман чӣ гӯям васфи ин раҳбари таърихсоз, ки дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо истиқлоли сиёсиро таҳким бахшид, балки истиқлоли хотираи миллиро низ зинда кард.

Чунин ташаббусҳо беназиранд, зеро дар онҳо сиёсат бо маънавият мепайвандад. Давлат бо ахлоқ ҳамнишин мешавад. Таърих бо эҳтиром зинда мегардад. Қабр бо Ватан сухан мегӯяд. Хок ба хотира табдил меёбад. Ва миллат дар оинаи бузургони худ симои имрӯзаи худро мебинад.

Оромгоҳи Лучоб дар ин маъно танҳо макони дафн нест. Он як китоби кушодаи таърихи миллӣ аст. Он ҷо сангҳо сухан мегӯянд, номҳо дарс медиҳанд, қабрҳо ба зиндагон маънои зиндагиро меомӯзанд. Ба хок супоридани хоки рамзии ин се шахсияти бузург дар Лучоб маънои онро дорад, ки онҳо ба пантеони хотираи миллӣ ворид шуданд, ба он маконе, ки миллат дар назди фарзандони сарсупурдаи худ сар фуруд меорад ва аз онҳо на танҳо ифтихор, балки масъулият меомӯзад.

Ин иқдом паёми равшан дорад: Тоҷикистон фарзандони худро мешиносад. Миллат касонеро, ки барои ҳастии ӯ ҷон сӯхтаанд, фаромӯш намекунад. Давлати соҳибистиқлол на танҳо оянда месозад, балки гузаштаашро низ аз нав мехонад, ҳақиқатро аз зери ғубор мебарорад ва ба наслҳои нав мегӯяд: ин Ватан осон ба даст наомадааст.

Бузургии ин ташаббус маҳз дар ҳамин аст, ки он на танҳо се шахсиятро гиромӣ медорад, балки ба тамоми ҷомеа дарси худшиносӣ медиҳад. Худшиносӣ танҳо донистани номҳои бузургон нест. Худшиносӣ он аст, ки мо аз корномаи онҳо хулоса барорем. Шотемур ба мо меомӯзад, ки барои ҳаққи миллат бояд ҷасур буд. Махсум ба мо меомӯзад, ки давлатдорӣ бе фидокорӣ пойдор намешавад. Нисор Муҳаммад ба мо меомӯзад, ки забон ва маориф сутунҳои ҳастии миллӣ мебошанд.

Миллате, ки гузаштаи худро эҳтиром мекунад, ояндаи худро аз даст намедиҳад. Миллате, ки бузургонашро ба хокҳои бегона танҳо намегузорад, худ низ дар ҷаҳон танҳо намемонад. Бозгашти хоки ин се фарзанди сарсупурда ба Тоҷикистон рамзи пайванди замин ва руҳ, давлат ва хотира, сиёсат ва ахлоқ аст.

Баъзан як мушти хок аз сад китоб бештар сухан мегӯяд. Хоки қабри ин се мард хокест, ки дар худ дард дорад, таърих дорад, ормон дорад. Он хок шоҳиди рӯзгорест, ки тоҷик барои номи худ, барои забони худ, барои давлати худ мубориза мебурд. Акнун он хок ба Ватан баргашт. Гӯё худи таърих аз сафар баргашт. Гӯё се руҳи сарбаланд баъд аз солҳо ба кӯҳҳои Тоҷикистон, ба осмони Душанбе, ба насими Ватан салом гуфтанд.

Ин лаҳза на танҳо барои таърихнигорон, балки барои ҳар фарди бедордили тоҷик маънои амиқ дорад. Зеро ҳар миллат як руҳи ҷамъӣ дорад. Ин руҳ аз забон, аз фарҳанг, аз хотира, аз қабрҳо, аз ормонҳо ва аз номи бузургон таркиб меёбад. Агар ин руҳ захм бардорад, миллат ноором мешавад. Агар ин руҳ шифо ёбад, миллат қомат рост мекунад. Бозгашти хоки рамзии ин се фарзанди миллат яке аз ҳамон лаҳзаҳои шифои руҳи миллӣ аст.

Чӣ метавон гуфт дар васфи чунин иқдом. Сухан гоҳе нотавон мешавад. Забон дар назди баъзе амалҳо хомӯш мемонад. Ин ҷо танҳо метавон гуфт: ин кор аз ҷинси сиёсати рӯзмарра нест. Ин кор аз ҷинси маънавият аст. Аз ҷинси эҳтиром аст. Аз ҷинси он муҳаббатест, ки давлатро ба падар, миллатро ба хона ва таърихро ба виҷдон табдил медиҳад.

Ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин ташаббусҳо хомӯшии қабрҳоро ба садои ифтихори миллӣ мубаддал месозад. Ман чӣ гӯям васфи он андеша, ки дар он гузашта танҳо хотира нест, балки неруи тарбияи миллат аст. Ман чӣ гӯям васфи он иқдом, ки ба фарзандони миллат мегӯяд: ҳар ки барои Ватан зист, Ватан рӯзе ӯро ба оғӯш мегирад.

Ин рӯйдод барои насли ҷавон паёми бузург дорад. Ҷавонон бояд бидонанд, ки таърих аз китоб сар намешавад ва дар китоб поён намеёбад. Таърих дар қабрҳои бесадо, дар номҳои фаромӯшшуда, дар санадҳои зардшуда ва дар иқдомҳои эҳёгарона зинда аст. Агар имрӯз мо дар фазои соҳибистиқлолӣ зиндагӣ мекунем, ин натиҷаи ормон, мубориза ва ҷоннисории садҳо фарзанди миллат аст. Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад аз ҳамон ситораҳоеанд, ки дар осмони худшиносии тоҷикон то абад хоҳанд дурахшид.

Бигзор оромгоҳи Лучоб барои онҳо танҳо хонаи охир набошад, балки минбари абадии ёд бошад. Бигзор ҳар касе, ки аз он ҷо мегузарад, на танҳо ба санги мазор, балки ба маънои зиндагии онҳо назар кунад. Бигзор ҳар хонанда, ҳар донишҷӯ, ҳар омӯзгор, ҳар зиёӣ ва ҳар фарзанди Тоҷикистон дар назди номи онҳо як лаҳза андеша кунад: мо барои Ватан чӣ кардаем.

Зеро бузургонро танҳо бо гул гузоштан гиромӣ намедоранд. Онҳоро бо идомаи роҳи онҳо гиромӣ медоранд. Бо ҳифзи забон. Бо дӯст доштани давлат. Бо росткорӣ. Бо меҳнати ҳалол. Бо худшиносӣ. Бо пос доштани истиқлол. Бо он ки ҳар насл ба насли баъдӣ бигӯяд: ин Ватан мероси осон нест, ин Ватан амонат аст.

Бозгашти хоки ин се бузургмард ба Тоҷикистон бозгашти се ҷисм нест. Бозгашти се рамз аст: рамзи давлатдорӣ, рамзи фидокорӣ ва рамзи маърифат. Ва вақте ин се рамз дар як Ватан ба ҳам меоянд, миллат худро равшантар мебинад.

Дар поёни ин андеша танҳо ҳаминро метавон гуфт: хоки онҳо ба Ватан омад, аммо руҳи онҳо кайҳо дар Ватан буд. Онҳо дар номи Тоҷикистон, дар забони тоҷикӣ, дар истиқлоли миллӣ, дар ифтихори мардум ва дар хотираи таърих зиндагӣ мекарданд. Акнун нишонаи хоки онҳо низ ба он ҷое баргашт, ки руҳашон ҳамеша он ҷо буд, ба Тоҷикистони азиз, ба хоки муқаддаси модар, ба оғӯши миллат.

Ва дар ин лаҳза, ки таърих ба эҳтиром табдил меёбад, хок ба рамз мубаддал мегардад ва Ватан фарзандони худро ба оғӯш мегирад, қалам низ бо ҳама тавоноияш хоксор мешавад. Зеро баъзе корҳоро наметавон танҳо навишт. Онҳоро бояд бо дил эҳсос кард.

Ва дар чунин лаҳзаҳо қалам низ ба сукут меравад, зеро ҳар сухан дар баробари ин ҳама маъно кам менамояд. Гоҳе воқеаҳо аз доираи баёни одӣ берун мешаванд, гоҳе як манзара, як нигоҳ, як мушти хок, як лаҳзаи эҳтиром аз садҳо китоб бештар сухан мегӯяд. Чӣ гуна метавон ин ҳама рамзро дар чанд ҷумла ҷой дод? Чӣ гуна метавон васфи иқдомеро гуфт, ки дар он як мушти хок ба вазни як таърих, як миллат, як сарнавишт ва як ормони чандиннаслӣ баробар мегардад? Чӣ гуна метавон эҳсоси Ватанеро ба қалам овард, ки фарзандони сарсупурдаи худро, пас аз солҳои тӯлонии дурӣ, пас аз сукутҳои талхи таърих, пас аз ғарибии қабрҳо ва пас аз интизориҳои ноаён, дубора ба оғӯши худ мехонад?

Дар он лаҳза инсон эҳсос мекунад, ки таърих танҳо дар китобҳо нест, таърих нафас дорад, таърих хотира дорад, таърих ашк дорад, таърих садои хомӯш дорад. Он мушти хок, ки ба Тоҷикистон оварда шуд, танҳо нишонаи замини қабр набуд. Он гӯё порае аз қалби миллат буд, ки солҳо дур аз Ватан метапид ва акнун ба синаи модар Ватан бозгашт. Он хок бо худ на танҳо ғубори қабристон, балки ормони давлатдорӣ, ранҷи фидокорӣ, оҳи ғарибӣ, шуълаи худшиносӣ ва дуои наслҳои сипосгузорро овард. Он хок хомӯш буд, аммо хомӯшии он аз ҳазор сухан баландтар садо медод.

Дар чунин лаҳзаҳо Ватан низ дигар танҳо як мафҳуми ҷуғрофӣ нест. Ватан ба модари бузурге мемонад, ки фарзандони гумгаштаи таърихии худро ба оғӯш мегирад. Ватан ба маъбади хотира табдил меёбад, ки дар остонаи он номҳои бузург бо эҳтиром хонда мешаванд. Ватан ба оинае мемонад, ки миллат дар он чеҳраи дирӯзаи худ, ранҷи гузаштагони худ, шарафи бузургони худ ва масъулияти имрӯзаи худро мебинад. Ва он гоҳ инсон дарк мекунад, ки миллат танҳо бо замин, сарҳад ва давлат зинда нест. Миллат бо хотира зинда аст, бо номҳои нек зинда аст, бо эҳтиром ба гузашта зинда аст, бо он тавоноӣ зинда аст, ки фарзандони содиқи худро баъд аз солҳо фаромӯш накунад.

Ин аст, ки чунин иқдомро наметавон танҳо маросим номид. Ин маросим нест, ин як паёми руҳонӣ аст. Ин сухани бесадои давлат ба таърих аст. Ин ҷавоби Ватан ба фарзандони худ аст. Ин эҳтироми зиндагон ба рафтагон аст. Ин пайванди имрӯзи соҳибистиқлол бо дирӯзи пурранҷ аст. Ин лаҳзаест, ки дар он сиёсат ба маънавият мерасад, давлатдорӣ ба ахлоқ мепайвандад, хок ба рамз табдил меёбад ва хотира ба неруи миллӣ мубаддал мегардад.

Шояд дар чунин маврид сухан ҳақиқатан нотавон бошад. Зеро баъзе бузургиҳоро танҳо гуфтан мумкин нест, онҳоро бояд эҳсос кард. Баъзе иқдомҳоро танҳо бо ибораҳои расмӣ шарҳ додан кам аст, онҳоро бояд бо дили бедор фаҳмид. Баъзе лаҳзаҳо чунон баланданд, ки қалам пеши онҳо сар фуруд меорад. Ва ин лаҳза аз ҳамин гуна лаҳзаҳо буд. Лаҳзае, ки дар он Пешвои муаззами миллат бо як амали пурмаъно нишон доданд, ки бузургӣ танҳо дар бунёди иморатҳо ва роҳҳо нест, балки дар обод кардани рӯҳи миллат, дар эҳёи хотираи таърихӣ, дар пос доштани номи фарзандони содиқ ва дар баргардонидани ҳаққи маънавии гузаштагон ба ҷойгоҳи шоиста низ ҳаст.

Чӣ метавон гуфт дар васфи чунин Роҳбаре, ки таърихро танҳо варақи гузашта намедонад, балки онро ҳамчун набзи зиндаи миллат эҳсос мекунад? Чӣ метавон гуфт дар васфи чунин Олиҷанобе, ки бо ташаббусҳои наҷибу беназир қабрҳои хомӯшро ба минбари худшиносӣ, мушти хокро ба рамзи адолат ва хотираи бузургонро ба чароғи роҳи наслҳо табдил медиҳад? Чӣ метавон гуфт, ҷуз он ки ин амал аз ҷинси муҳаббат аст, аз ҷинси вафо аст, аз ҷинси хирад аст, аз ҷинси эҳтиром аст, аз ҷинси он давлатдориест, ки дар он инсон, таърих, Ватан ва миллат дар як меҳвари муқаддас ба ҳам меоянд.

Дар чунин лаҳза танҳо дил метавонад сухан гӯяд. Ва дил мегӯяд: ин иқдом на танҳо эҳтиром ба Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аст, балки эҳтиром ба тамоми сарнавишти миллати тоҷик аст. Ин танҳо бозгашти хоки рамзӣ нест, балки бозгашти як пораи виҷдони таърихӣ ба оғӯши миллат аст. Ин танҳо арзи эҳтиром ба гузаштагон нест, балки дарси бузурги худшиносӣ ба зиндагон аст. Ва аз ҳамин ҷост, ки қалам бо ҳама фурӯтанӣ мегӯяд: ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин ташаббусҳои беназир ба хок руҳ, ба хотира зиндагӣ ва ба таърих адолат мебахшад.

Фарҳод РАҲИМӢ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем