«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳфилҳои адабӣ баргузор шуданд. Дар ин маҳфилҳо аз нақши осори Лоиқ Шералӣ дар адабиёти тоҷик, бахусус дар масъалаи таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва тавассути он офаридани осори шевою равон ва ҷовидонагӣ ёдоварӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизматҳои шоистаи шоир дар яке аз суханрониҳо чунин иброз доштанд: «лозим медонам, ки хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».
Ёдовар мегардем, ки соли 2018 бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар шаҳри Панҷакент кохи бузурги фарҳанг ифтитоҳ ва ба номи ин шоири соҳибназар гузошта шуд, ки баёнгари мақоми ин суханвари бузург дар таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар замони истиқлол ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ин кохи муҳташам бо номи «Кохи Лоиқ» маъруф буда, мардуми Панҷакенти бостонӣ дар ин макони маърифат бо наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки 30 марти соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд. Бинои Қасри ҷавонон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад. Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузоштанд.
Лоиқ Шералӣ воқеан аз зумраи он суханваронест, ки бо ашъори баландмазмуни худ барои имрўзиён паёми сулҳу сафо, далерию мардонагӣ, дўст доштани Ватан, хештаншиносиву ваҳдати миллатро ситоиш намуда, мардумро ба фардои шукуфони миллат тарғиб менамуд.
Фаъолияти адабии Лоиқ Шералӣ солҳои 60-уми асри ХХ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз шудааст. Кор дар чунин маркази бонуфузи қаламкашӣ, дар иҳотаи адибони маъруф, рӯзноманигорони закӣ ва соҳибсабк ба шоир мактаби муҳими эҷодӣ дар рушди фаъолияти публитсистӣ ва падид омадани таълифоти арзишманд дар ин замина гардида, ӯро ба сифати публитсисти варзида ва ҷасур ба камол расонид.
Академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи нақши осори шоир дар адабиёти тоҷик чунин изҳори андеша намуд: «яке аз омилҳои ба шоири маҳбуб мубаддал гаштани устод Лоиқ дар ниҳоди хонанда бедор кардани эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарварӣ, таҳкими ғояҳои худшиносию худогоҳӣ мебошад. Шеъри устод Лоиқ аз ҳаёти маънавии халқи тоҷик сарчашма гирифта, дар он натанҳо лаҳзаҳои талху душвори миллати ҷафокашидаи тоҷик, балки шукӯҳу ҳишмати он, сарнавишти фарзандони номвар, барои намуна, силсилаи шеърҳои “Хоки Ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” бозтоб ёфтааст».
Вақте ки мо ба ашъори ватандӯстонаи устод Лоиқ аз назари таҳқиқ баҳо медиҳем, дар пеши чашмамон шоире падидор мегардад, ки ситоишгари бузургии Тоҷикистон, вассофи зебоҳои диёр, тараннумгари меҳру муҳаббати Меҳан, яъне соҳибватан аст.
Барои намуна:
Ҳарчӣ дорам дар ин ҷаҳон, Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.
Ё:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳамаҷо азиз, лекин бар ман,
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ва:
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ва:
Ватан имрӯзи мо ояндаи мо,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мо.
Воқеан ҳам забон ва Ватан ду рукни миллатсоз дар эҷодиёти Лоиқ мебошанд. Шоир шарти мавҷудияти миллатро дар забони миллат ҷуста, миллати безабон ва ашхоси забонгумкардаро мавриди накӯҳиш қарор дода, бо ситеза баён медорад, ки:
Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон,
Бояд биравад ба маҳфили бебасарон.
Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон.
Тавре ки шоир дар як мусоҳибааш дар маҷаллаи «Машъал» соли 1989 иброз медорад, «байти ман барои онҳоест, ки забони модарии худро эҳтиром намекунанд, аз таърих, маданият ва адабиётамон бехабаранд. Охир забон бунёди ҳама бунёдҳост».
Лоиқ барои бунёди давлати миллӣ, тақвияти хушиносии миллӣ, сохтани миллати воҳид ва тақвияти ваҳдати миллӣ забон ва Ватанро аз рукнҳои муҳимтарин мешуморад.
Шоир ҳамеша такя бар Ватан дошт ва таъкид ба он мекард, ки инсон бо Ватан муқтадир аст, шоирӣ низ ватандӯстист, ба ин хотир, аз шеъраш ҳамеша бӯи Ватан ба машом мерасад:
Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан,
Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан.
Ҳар кӣ неруманд бошад дар ҳунар,
Такя дорад гар ба неруи Ватан.
Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,
На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.
Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър,
Беватанро оварад сӯи Ватан.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёбад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ






