Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Барзиёд кор кардани ҳисобкунакҳои барқӣ асоси воқеӣ надорад»

Март 7, 2019 13:38

ДУШАНБЕ, 07.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Ин  нуктаро роҳбари лоиҳаи USAID Energy Links Андрей Митскан дирӯз зимни  нишасти зергурӯҳи корӣ вобаста ба иттилоотонии ҷомеа дар доираи гурӯҳи кории назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ оид ба манбаҳои энергияи барқароршаванда, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия баён дошт.

Андрей Митскан бо овардани мисолҳо аз вазъи энергетикии Украина ва муқоисаи он бо Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар сурати сарфаҷӯӣ ва самаранокии истифодаи энергия Тоҷикистон метавонад ба пешравиҳои бузурги энергетикӣ дар минтақа ноил гардад.

Бояд гуфт, ки соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузошт, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишвар ду соли охир мардуми мамлакат пурра бо неруи барқ таъмин гардиданд. Инчунин ҷумҳурӣ дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт — соат неруи барқ содирот намуд, ки ин раванд омили асосии ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо зикр намуда буданд, ки «ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ислоҳоти идоракунии соҳа, яъне таҳияи низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти неруи барқ ва бо истифода аз низоми электронӣ ҷорӣ намудани механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ намояд».

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2014 оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи устувори ташаббусҳо вобаста ба манбаҳои энергияи барқароршаванда, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, таҳияи санадҳои зерқонунӣ ва барномаҳои соҳавӣ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Ба гуфтаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, яке аз омилҳои асосии бартарафсозии талафоти неруи барқ-ин беҳтар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, марҳила ба марҳила гузаштан ба системаи нави баҳисобгирии барқӣ, ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ ва ҷорӣ намудани системаи ягонаи автоматикунонии ҳисоби барқ мебошад.

Ӯ зикр намуд, ки яке аз мисолҳои рӯшани манфиатовар будани ин система аллакай дар шаҳри Хуҷанд назаррас аст. «Дар шаҳри Хуҷанд талафот аз 17-18 фоиз тақрибан ба 11-12, гоҳҳо ба 9 фоиз баробар шуд. Дар ин сурат мо имконият пайдо намудем, ки шумораи назоратчиёни барқиро кам кунем, зеро системаҳои автоматӣ ҷорӣ карда шуд. Аз 50-60 нафар ҳамагӣ 20-30 нафар фаъолият доранд, ки ҳамаи ин натиҷаи хуб медиҳад, талафоти неруи барқ кам мешавад, баҳисобгирии он дуруст гашта, омили дахолати инсонӣ ба низоми ҳисоби неруи барқ пурра аз байн бурда мешавад».

Бояд зикр намуд, ки танҳо бо васли ҳисобкунакҳои электронӣ проблемаҳои мавҷуда вобаста ба кам намудани талафоти энергия ҳал намешаванд. Ин кор бояд чораҷӯии маҷмӯӣ бошад, нат анҳо васли ҳисобкунакҳои барқӣ, балки таҷдиди зеристгоҳҳо, трансформаторҳо, хатҳои интиқоли барқ низ бояд ба инобат гирифта шавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, айни замон Вазорат дар ҷумҳурӣ кӯшиш дорад, ки хатҳои шиддати пастро ба кабелҳои Си-ноқилҳои дорои изолятсия гузаронад. Ба ин хотир Вазорат дар якҷоягӣ бо шарикони рушд асосноккунии техникии иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳоеро, ки ба кам кардани талафоти неруи барқ оварда мерасонанд, дар дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, ноҳияҳои тобеи марказ, омода намуда, ният дорад солҳои наздик татбиқ намояд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, ки сокинони он 25 фоизи энергияи барқро истеъмол мекунанд, омодасозии татбиқи чунин лоиҳа оғоз гардидааст.

Чанде пеш миёни сокинони кишвар садоҳо дар мавриди барзиёд кор кардани ҳисобкунакҳои барқӣ ба мушоҳида расид. Ҷамшед Шоимзода зикр намуд, ки дар зимистони имсола эҳтиёҷоти мардум ба энергияи барқ 12% афзоиш ёфт. Ин маънои онро дорад, ки аҳолӣ расид барои пардохтро 12 фоиз зиёд қабул мекунад. Дар ин ҳолат норозигӣ ба миён меояд. Ба ин хотир, Вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар ин самт кор бурда истодааст. «Мо талаботи наверо таҳия намуда истодаем, ки биноҳои нави истиқоматӣ бояд дар мадди аввал ҷавобгӯи меъёрҳои  самаранокии энергия бошанд».

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ 1 млн 200 ҳазор муштарӣ бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин карда шудаанд. Фоизи дақиқи ҳисоби ҳисобкунакҳои барқии ҳозира аз ҳисобкунакҳои индуксионӣ (намудҳои кӯҳна) фарқ менамояд. Аз ин лиҳоз фикре пайдо шудааст, ки ҳисобкунакҳои нав аз пеши худ барзиёд кор мекунанд. Ин андеша ягон асоси воқеӣ надорад. «Ҳаҷми муайянсозии аниқи ҳисобкунакҳои ҳозира 01-02 фоиз мебошад. Ҳисобкунакҳои пештара то 1 фоизро ташкил медоданд, ки шиддатро ҳис намекарданд. Шакли ҳар як ҳисобкунак  дорои ҳуҷҷати махсус буда, нозукиҳои техникияш дар он сабт шудааст, ки сокинон метавонанд тавассути сомонаҳои интернетӣ аз он хабардор гарданд»,-гуфт Ҷ.Шоимзода.

Ҷамшед Шоимзода чунин мешуморад, ки дар бештари ҳолатҳо худи сокинон ба беаҳамиятӣ ва талафоти барқ роҳ медиҳанд. Шаҳрвандон баъди истифодаи таҷҳизоти барқӣ онҳоро дар бештари ҳолатҳо хомӯш накарда, онҳоро аз манбаи барқдиҳӣ намегиранд, ки ин ҳолат ба сарфи неруи барқ оварда мерасонад.

Ҳисобкунакҳои барқии муосир ду хотира доранд- яке хотираи асосӣ ва дигаре иловагӣ. Дар ҳолате, ки дар кори хотираи якум хатоӣ сар мезанад, тавассути хотираи дуюм истфодаи воқеии неруи барқро ҳисоб кардан мумкин аст.

Ҷамшед Шоимзода мақсади асосии Вазоратро татбиқи қонунҳои соҳавӣ дониста, чунин мешуморад, ки тибқи муқаррароти онҳо, вобаста ба сарфаҷӯии неруи барқ ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд зиёдтар ба роҳ монда шаванд. «Мо чунин  мешуморем, ки истиқлолияти энергетикӣ на танҳо бо ҷорӣ намудани иқтидори нави энергетикӣ ба даст оварда мешавад, балки он яке аз масоили асосии сарфаҷӯии неруи барқ низ мебошад».

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 7, 2019 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид