Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост
ДУШАНБЕ, 19.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Наврӯз тарғибгари арзишҳои неки мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, инсонҳоро ба сулҳу ҳамбастагӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистӣ роҳнамун месозад. Ин матлабро дар оғози барномаи фарҳангии таҷлили Наврӯзи байналмилалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Раъно Бобоҷониён, ки имрӯз дар Боғи роҳиоҳанчиёни пойтахт таҳти унвони «Наврӯз- пайвандгари дилҳо» бошукӯҳ баргузор гардид, баён дошт.
Раъно Бобоҷониён аз номи дастгоҳи марказии ҲХДТ аҳли нишастро бо фарорасии Соли нави ориёӣ –Наврӯзи ҳуҷастапай шодбош гуфта, ба онҳо тандурустӣ, осоиштагӣ ва рӯзгори пурсаодат таманно намуд. Бо дахли ҷойгоҳи Наврӯз дар ташаккули фарҳанги мардумони ҳавзаи Наврӯз, хосса тоҷикон, Раъно Бобоҷониён афзуд, ки Наврӯз шоҳсутуни тамаддуни инсоният буда, дар рушд ва ташаккули арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик нақши арзишманд гузоштааст.
Зикр шуд, ки бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон ҷашни Наврӯз дар саросари Тоҷикистон дар сатҳи баланд сарҷамъомона зери фазои сулҳу осоиштагӣ таҷлил гардида, аз ҳамдилию ҳамбастагии мардуми сарзаминамон пайк мерасонад. Маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз дар солҳои соҳибистиқлолӣ шукӯҳи тоза гирифт. Ин аст, ки ҳамасола дар яке аз минтақаҳои мамлакат ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ботантана таҷлил мегардад. Рисолати Наврӯз тарғиби сулҳу амонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ҳамбастагист, зеро Қатъномае, ки Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз қабул намуд, «Фарҳанги сулҳ» унвон гардида буд.
Инчунин дар маросими таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода доир ба таъриху фалсафа ва ҳикмати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷойгоҳи он дар раванди ободонию созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе ибрози назар намуда, афзуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Наврӯз ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфою обод дар минтақа табдил гардидааст.
Иштирокдорон ва меҳмонони маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аз гӯша ва хони наврӯзӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар боғ созмон дода шуда буд, дидан намуданд. Онҳо бо ҳунари нотакрори бонувони тоҷик, хосса дар оростани хони ҳафтсин ва ҳафтшин, ки рамзи баҳор ва Наврӯз аст, омода намудани навъҳои гуногуни нон, кулчақанд, таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ ва ғайра шинос гардиданд.
Барномаи ҷолиби консертӣ дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, ки ба васфи Наврӯз, баҳор ва Ватан бахшида шуда буд, ҳамчун дастагули наврӯзӣ пешкаши иштирокдорон ва меҳмонон гардонида шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд






