Низом Қосим: «90-солагии Ҷумъа Одина бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил хоҳад гашт»

Март 27, 2019 15:16

ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Озодандешӣ дар осори Ҷумъа Одина» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар намояндагони илму адаб иштирок доштанд.

Низом Қосим зимни баромади хеш аз эҷодиёти пурмаҳсули нависандаи маҳбуб ёдовар шуда, хизматҳои ӯро баланд ҳисобид. Ӯ дар идома баён дошт, ки «соли оянда 90-солагии Ҷумъа Одина бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Боварӣ дорем, ки хонандагони мо бо паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти ин нависандаи маҳбубамон шинос хоҳанд шуд».

Мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии ДМТ Муртазо Зайниддинов ҳадафи ёдкард аз нависандаро, бахусус дар рӯзҳои таҷлили иди бошукӯҳи Наврӯз дар он донист, ки нависандаи маҳбуб низ дар айёми Наврӯз таваллуд шудааст. «Мақсади дигар он аст, ки дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ як анъана роиҷ аст, ки дар иртибот ба зодрӯз ва санаҳои таърихӣ аз шоирон ва нависандагони маҳбубамон ёд кунем ва мақсади аслӣ он аст, ки шахсият ва эҷодиёти онҳоро бештар ба шогирдонамон муаррифӣ намоем».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Ҷумъа Одина аз нависандагонест, ки кӯшиш намудааст ба адабиёти навини мо рӯҳи тоза ворид намояд. Ӯ осори беш аз 40 адиби шинохтаи рус ва ҷаҳонро аз забони русӣ ва тоҷикӣ тарҷума кардааст.

«Вақте Ҷумъа Одина мегӯем, пеш аз ҳама, романи «Гузашти айём» ба ёд меояд. Имрӯз низ дар атрофи ин роман суҳбат доир гардида истодааст. Агар романро дар замонаш маҳкум карда бошанд, тиражи хеле калонашро сӯзонда бошанд, хушбахтона, дар давраи соҳибистиқлолии мо он қадршиносӣ гардид. Ҳоло он бо теъдоди зиёд ба табъ расида, дастраси хонандагон гаштааст»,-афзуд М.Зайниддинов.

Бояд гуфт, ки пас аз нашри романи «Гузашти айём» нависанда ба таъқиби сахт дучор шуда, баъди муддате аз сактаи қалб вафот кард. Маҳз ҳамин роман қуллаи камолоти эҷодии нависанда эътироф шудааст.

Романи «Гузашти айём» инқилоби тафаккур ба як давраи таърихии на танҳо миллати тоҷик, балки қавму миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Адиб рӯйдодҳоеро ба қалам кашидааст, ки худ шоҳид будааст. Вай тифлии худро бо волидони некномаш дар табъид (бадарға) гузаронидааст ва он ҳама даҳшатро бо чашмони кӯдакона дидаву баъдан сари мизи эҷодӣ дубора пеши назар овардааст. Ҳақиқатеро, ки ӯ навишт, низоми онвақта таҳаммул накард, фишорҳои руҳӣ адиби хушнавис ва ҳақиқатнигорро билохира дар авҷи камолоти эҷодӣ, дар синни 52-солагӣ ба бистари марг кашид. Ва дар ҳамин умри кутоҳ низ вай тавонист асарҳои мондагор нависад. Он асарҳо умри адиби хушбаёнро тӯлонӣ карданд ва хуш аст, ки имрӯз ҳам онҳоро меҷӯянду мехонанд.

Ҷумъа  Одина  13 марти  соли  1930  дар  рустои  Некноти  ноҳияи  Панҷакент  ба  дунё  омадааст.

Мактаби  ҳафтсоларо  дар  кишвари  Ставропол,  ки  ба  он ҷо  аҳли  оилааш  дар  табъид  будаанд,  хатм кардааст Дар колхоз кор кардааст. Соли 1948 шуъбаи ғоибонаи омўзишгоҳи  омўзгории  Панҷакентро  ба  охир  расондааст.  Муаллим  буд. Соли  1950  факултаи  филологияи  Донишгоҳи  давлатии  Самарқандро  бо  баҳои  аъло  хатм  кард. Соли  1956  факултаи  таъриху  филологияи  Донишгоҳи  давлатии  Тоҷикистонро  ба  поён  расонд.

Дар  солҳои  гуногун  муҳаррири  нашриёти  «Ирфон», мудири  шуъбаи  маҷаллаи  «Тоҷикистон», муҳаррири радиои тоҷик,  мудири  шуъбаи  моҳномаи  «Садои Шарқ», муовини  сармуҳаррири Кумитаи  табъу  нашри  ҷумҳурӣ, мудири  шуъбаи  нашриёти  «Ирфон»  ва  ходими  адабии  рўзномаи  «Маориф  ва  маданият» буд.

Аввалин навиштаҳояш солҳои  60 – ум чоп шуданд ва аз вуруди боз як адиби тозанавис дар адабиёт дарак доданд. Соли 1964  дар  моҳномаи  «Садои  Шарқ» повести  нахустинаш  «Авроқи  рангин»  ва  соли  1968  повести «Иншо  дар  мавзўи  озод» ба  табъ  расиданд. Соли 1970  ҳар  ду  повест бо  номи  «Авроқи  рангин»  дар  шакли  китоб  аз  чоп  мебарояд. Соли 1973  маҷмўаи  ҳикояҳояш  «Чанбари  оташ»  нашр шуд.

Аммо романи «Гузашти айём», ки соли 1978 чоп шуд, маъруфияти ӯро миёни хонандагон ба маротиб боло бурд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастгоҳи таблиғотии Иттиҳоди Шӯравӣ чопи пурраи асарро боздошт. Роман дар нашриёти он замон шуҳратёри «Ирфон» чоп шуд, вале ба дасти хонанда нарасид. Даҳ сол лозим омад, ки роман умри дубора ёбад. Аммо ин даҳ сол барои адиб мушкилтарин солҳои умраш буданд.

Соли 1989, дар авҷи ошкорбаёниву бозсозии горбачёвӣ нашриёти «Адиб» «Гузашти айём»-ро дубора чоп кард, вале адиби номвар онро надид. Баъд аз маргаш барои “Гузашти айём” ба Ҷумъа Одина Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро доданд.

Романи дигари  ӯ «Искандари мақдунӣ» низ баъди маргаш пора-пора дар ҳафтаномаи «Маориф ва маданият» ва баъдан дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (соли 1987, № 7) интишор ёфт.

Ҷумъа Одина бештар ба кори тарҷумаи бадеӣ машғул шудааст ва бештар аз 20 номгӯй асарҳои шоиста, аз ҷумла«Кафолати  сулҳ» —  В. Сабко,   «Дил  дар кафи  даст»-и И. Шамякин,«Писари  моҳигир» —  В. Латсис  ва  «Сибир»-и Г. Марковро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Аз  соли  1966 узви  Иттифоқи  нависандагон  буд.

14 сентябри  соли  1982  бар асари сактаи қалб аз олам даргузаштааст.

Март 27, 2019 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд