Қоҳир Расулзода: «Тавсеаи равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Россия дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 20.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 20 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали Раиси Ҳукумати Россия, вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов баргузор гардид. Дар он муҳимтарин масъалаҳои дурнамои тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони ҳайатҳо дар назди иштирокдорони ҷаласа роҷеъ ба ҷараёни татбиқи Протоколи ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия, вазъи макроиқтисодӣ дар кишварҳои худ, инчунин қадамҳои устувор ва нек дар самти гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва таъсири он ба беҳдошти фазои сармоягузории ҳарду давлат гузориш доданд.
Саварзири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода афзуд, ки тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Россия дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зеро ду давлат дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шарики стратегӣ буда, Россия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1,6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт. Ҳиссаи савдо бо Россия аз ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ум 24 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, мошинсозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг ва соири масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ матраҳ гардиданд.
Дар анҷом Протоколи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Россия ба имзо расонида шуданд.
Дар анҷом Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали Раиси Ҳукумати Россия, вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов барои намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти муштарак роҷеъ ба ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ баён карданд. Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки «дар маҷмӯъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ аз рӯи тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мо ба мувофиқа расидем. Дар бахши иқтисодиёт ба тамоми вазорату идораҳои ҳарду ҷониб супориш дода шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузории мутақобила дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд, инчунин таъмини имкониятҳои баробар ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои рақобатпазирии солими субъектҳои хоҷагидор, ки дар қаламрави ҳарду давлат ба қайд гирифта шудаанд, фароҳам оваранд. Ҳамзамон қарорҳои дахлдор барои дар оянда фаъол намудани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати истихроҷ ва истеҳсолот, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ, алоқа, молиявию қарзӣ қабул карда шуданд».
Муовини аввали Сарвазири Россия, Вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов зикр кард, ки Тоҷикистон ва Федератсияи Россия шарикони стратегӣ маҳсуб ёфта, дар асоси ин муносибот дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд. «Воқеан дар ҷараёни кори Коммиссияи байниҳукуматӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, фарҳанг баррасӣ гардида, дигар масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо карданд», -афзуд Антон Силуанов.
«Аз ҳама муҳим, дар ҷараёни ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мо масъалаҳоеро матраҳ намудем, ки дар мулоқоти Сарони ҳар ду давлат 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва баррасӣ мешаванд. Инчунин дар самти омодагӣ ҷиҳати ба имзо расонидани як зумра созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои калидӣ ба мувофиқа расидем. Дар ин самт ба вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар дастур дода шуд»,- гуфт дар анҷом Антон Силуанов.








Дар нуҳ моҳи соли 2025 маблағи изофанависии неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 92 миллион сомониро ташкил медиҳад
Масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот баррасӣ карда шуд
Доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули иқтисодиёти муосир конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
Кишоварзони вилояти Суғд беш аз 90 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Дафтари федералии энергетикаи Швейтсария мулоқот анҷом дод
Дар Душанбе фаъолияти лоиҳаҳои амалии GIZ дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Дар Берн рушди соҳаи алоқа ва рақамикунонии хизматрасонии почта дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Масъалаи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи моҳияти иқтисоди сабз конференсия баргузор шуд
Дар Кумитаи андоз масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирӣ он баррасӣ гардид






