Ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таъмини сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти давлатӣ бузург аст

Март 6, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шаҳри Душанбе  бо ҳузури фаъолзанони ҳизб маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён тамоми занону модаронро бо фарорасии иди баҳору зебоӣ ва Рӯзи Модар табрик намуда,  ба онҳо саломатӣ,  осмони софу беғубор ва ба хонадонашон осоиштагию рӯзгори хуш таманно намуд.

Мавсуф доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар намуда, афзуд, ки маҳз бо  саъю талош ва дастгирии   бевоситаи Сарвари давлат  ҷойгоҳи зан-модари тоҷик  дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат фаъолона саҳм мегузоранд.  Муовини Раиси ҲХДТ нақши занони тоҷикро дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон  бузург арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи  зиндагӣ  ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба  пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро намудааст.

Дар маҳфили фарҳангӣ ҳамзамон аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ, фаъолзанони мамлакат  ва дигар собиқадорон доир ба нақши зан-модари тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани  фарзандони шоистаю солеҳ, ки номбардори миллату давлатанд, сухан гуфтанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова,  муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Зоир Раҳмонзода ва дигар иштирокдорон доир ба ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таҳкими сулҳу амният,  ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва нақши Президенти мамлакат дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки занон дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла фаъолияти ҲХДТ нақши муассир мегузоранд. Аз 63 ҳазор нафар аъзои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 45 фоизашро  занон ташкил медиҳанд.

Шоираи ширинкалом Меҳриниссо  бо қироати шеърҳо дар васфи зан-модар ба маҳфили фарҳангӣ нуру зиё бахшид.

Дар анҷом ҳунармандони боистеъдод ва хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертиро ҳамчун гулдастаи баҳорӣ  ба фаъолзанон тақдим намуданд, ки тараннумгари меҳру муҳаббат, садоқат, малоҳат ва зебоии зан –модари тоҷик буд.

Март 6, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»