Ҷоми КФО: доварони бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё доварони бозии байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «Д» -и Ҷоми КФО муайян кард. Ин вохӯриро доварон аз кишвари Шри-Ланка ҳакамӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе довари ФИФА Гамини Нивон Робеш «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро ба ҳайси довари асосӣ ба майдон мебарорад. Ба ӯ Веллабад Ниваҷ Дон Санҷиҷ Премалал ва Локу Кастботе Иран Удайякант ҳачун ёвар ва Ҳанна Хатоб аз Сурия ба ҳайси довари эҳтиётӣ кӯмак мерасонанд. Нозири доварон Рустам Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ ва комиссар Субраманиан Маникам аз Малайзия таъйин шудаанд.
Гамини Нивон Робеш аз соли 2010 ба узвияти доварони ФИФА пазируфта шудааст. Дар ин муддат ӯ 53 бозии байналмилалиро ҳакамӣ карда, ба дарвозаи дастаҳо 14 зарбаи пеналти таъйин кардааст ва ба бозингорон 11 корти сурх ва 154 корти зард раво донистааст. Соли гузашта Робеш ба ҳайси довари асосии вохӯрии байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Аҳал» (0:2) дар даври плей-оффи Ҷоми КФО масъулият дошт. Дар баробари ин вохӯрии «Истиқлол» ва «Серес Негрос»-ро (4:0) дар бозии нимниҳоии байниқитъавии Ҷоми КФО-2017 ҳакамӣ кардааст.
Вохӯрии байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 апрел, соати 19:00, дар доираи даври аввали бозиҳои гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






