ДУШАНБЕ, 22.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 22 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об таҷлил карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ тайи понздаҳ соли охир саъю талошҳои муштараки хешро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ҳамаҷониба тақвият мебахшад.
Ҳамчунин 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд. Он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Эълон гардидани даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҳалли мушкилоти камбуди об ноил гардад.
Бояд гуфт, ки яке аз проблемаҳои глобалии экологие, ки имрӯз муносибати байни кишварҳоро муайян мекунад, ин таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Ҳанӯз зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза, ки 29 август ва 1 сентябри соли 2003 баргузор гардида буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро яке аз проблемаҳои асосии сайёра номида, таъкид намуда буданд, ки «масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рўи замин аст, иртибот доранд».
Бино ба маълумоти расмӣ, дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард нафар ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд. Тибқи пешгӯйии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра баробар гардад. Ва ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасанд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳадафҳои дар пеши худ гузошта пурра ноил нагаштааст.
Хушбахтона, сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи об дар айни замон ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа низ нигаронида шудааст. Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» омодагии ҷумҳуриро ҷиҳати баҳрабардорӣ қарор додани захираҳои бузурги оби нӯшокии Тоҷикистон ба манфиатҳои умум қайд намуда буданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар шароити муосири бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об чандин маротиба боло меравад. Дар робита ба ин мушкилӣ Президенти ммалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар Саммити 1-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зикр карда буданд, ки «рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нефт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад». Бо гузашти 12 сол тадқиқоти зиёде гузаронида шуданд, ки бо далелу рақамҳо дуруст будани ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд ва ин сабаб гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро барои ҳалли мушкилоти об тақвият бахшад.
Бояд гуфт, ки асоси захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо 845 км3 арзёбӣ гардида, теъдоди пиряхҳо дар кишвар зиёда аз 13 ҳазор адад ва масоҳати умумии яхбандии онҳо 11 ҳазору 146 км2-ро дар бар мегирад.
Ба иттилои сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Ғафурзода, тавассути қаламрави кишвар 947 дарё ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28 ҳазору 500 км аст. Ва дар Тоҷикистон зиёда аз 80 фоизи маҷрои Амударё ва 1% маҷрои Сирдарё ташаккул меёбанд, ки дар маҷмӯъ ин 64 км3 дар як солро ташкил дода, ба 55,4% аз маҷрои умумии дарёҳои ҳафзаи баҳри Арал баробар аст.
Дар мамлакати мо 60 фоизи захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ (ҳавзаи баҳри Арал) тавлид мешаванд. Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, иқтидори захираҳои умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд.кВт-соат дар як сол арзёбӣ мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли ҷории қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст. Аз рӯи захираҳои эҳтимолии умумии гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон пас аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд.
Хулоса, об дар тараққиёти инсоният нақши муҳим бозида, воқеан ҳам он сарчашмаи ҳаёт ва омили рушди устувор ба ҳисоб меравад. Месазад, ки баҳри покии он ва ҳифзи захираҳои оби нӯшокӣ бетараф набошем.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»