Пагоҳ дар ноҳияи Рашт Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ: «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои номатлуби ҷомеа: экстремизм, терроризм ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ миёни ҷавонон» баргузор мегардад.
Тавре корманди шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Карим Салимзода аз маркази ноҳияи Рашт ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар форуми мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода, намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва имомхатибон иштирок ва суханронӣ мекунанд. Ҳамчунин иштироки занону шахсони рӯзгордида ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рашт дар назар дошта шудааст.
Мақсад аз баргузории Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ: «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои номатлуби ҷомеа: экстремизм, терроризм ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ миёни ҷавонон»- ин огоҳ намудани ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ намудани онҳо аз пайвастан ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва оқибатҳои нохуши он мебошад.








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






