РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК МАРОТИБАИ 25-УМ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир карда мешавад

Март 5, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 05.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон медонанд, ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март- рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегардид. Соли 1994, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони мамлакат 11 мартро чун Рӯзи матбуоти тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид намуд.

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6 март, соати 14-00 дар ошёнаи 3-юми Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти даврӣ-ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллат» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар ҳамоиш муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои «Аз таърихи таъсиси матбуоти форсӣ-тоҷикӣ», «Мушкилоти саводи расонаӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди пажӯҳишоти илмӣ дар соҳаи матбуоти миллӣ»  маърӯза ва муҳокимаронӣ  намоянд.

Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон  С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд.

Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар ин росто шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бойгонии азими нашрияҳои даврӣ ба шумор рафта, ҳамарӯза ба беш аз ҳазор нафар хонандагон хизмат мерасонад. Кормандони шуъба талош доранд, ки фаъолияташонро дар сатҳи дуруст ба роҳ монда, ба хонандагон  хизмати босифату пурсамар расонанд.

Март 5, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад