Сарвара Бекзода, сармутахассиси дастгоҳи Маҷлиси намояндагон: «Зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд…”
ДУШАНБЕ, 08.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гӯем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтарин орифону олимон, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд. Чуноне ки дар урфият мегӯянд, Офаридгор накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз абру борандагӣ аз борон, вафодорӣ аз қӯҳ, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ овардаву зан офаридааст, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Бахшида ба Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сармутахассиси шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвара БЕКЗОДА ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Бузургии зан – модар дар чӣ таҷассум меёбад?
Сарвара Бекзода: Бузургии зан – модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Бузургон гуфтаанд: «Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд».
Орази зан офтоби зиндагист,
Рӯзи мову рози мо, созандагист.
АМИТ «Ховар»: Беҳтарин сифати зан чӣ аст?
Сарвара Бекзода: Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро маҳз иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Беҳтарин сифати зан малоҳат ва меҳнатдӯстист. Зани бофарҳангу бомаданият метавонад вақти худро дуруст қисмат намуда, фарзандони худро хуб тарбия намояд.
Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, дар раванди созандагӣ ширкат меварзад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, фарзандон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд.
Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият- мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Имрӯз дар мамлакат 23,2 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил мекунанд ва онҳо дар ҳама зинаҳои ҳокимият, алалхусус 18,1 фоиз дар вазифаҳои роҳбарӣ кору фаъолият доранд.
АМИТ «Ховар»: Ҳуқуқ ва мавқеи зан аз нигоҳи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Сарвара Бекзода: Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро мо дар фаъолияти Малика Томирис, далериҳои Рухшона, ҷасуриҳои чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова дида метавонем.
Маҳз ана ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Айни ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон занон 50 фоизи аҳолиро ташкил намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст ва зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.
Сарвари давлат ба нақши фаъолзанон дар пешбурди рӯзгор баҳои сазовор дода, таъкид кардаанд, ки бонувони арҷманд тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавонон ва орзуманди хушбахтии фарзандон мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Ғайр аз, ин имрӯз дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайра барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталиф ва муҳими мамлакат равона гардидаанд.
Таъсири ҳамин аст, ки ҳоло сафи занон-вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол дар Маҷлиси миллӣ 6 нафар ва дар Маҷлиси намояндагон 13 нафар фаъолият доранд. Албатта, нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо мақсад ва ҳадафҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар чӣ аст?
Сарвара Бекзода: Зан муборизи қавиирода буда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда мебозад. Дарки амиқи ин нуқтаи басо муҳимро ба эътибор гирифта, ҳуқуқи занро эътироф ва мақому манзалати вай дар ҷомеа рӯз аз рӯз ба тадриҷ меафзоянд.
Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо на танҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ инъикос намудани фаъолияти занону бонувон мебошад. Ба ин хотир санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул гардиданд.
Мақсад аз қонунҳо ва барномаҳои мавриди амал қарордошта, нишон додани он аст, ки масъалаи маърифатнокии занон дар ҷомеа ҳамеша дар мадди аввал меистад. Он дар ҳамаи давру замонҳо масъалаи дараҷаи аввал мебошад ва ҳал кардани он ба пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд. Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд. Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифат бошанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тарбияи занони бомаърифатро, пеш аз ҳама, дар оила, дар муассисаи таълимӣ ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин гуфтаҳо- ин тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод дар алоқамандӣ метавонанд тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи ҷомеа мебошанд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Философи машҳури ҳинд Свами Вивекананда мегӯяд, ки «беҳтарин нишони рушди миллат муносибати ӯ ба зан аст».
Олими дигари машҳури дунё Август Кант дар ситоиши зан гуфтааст: «Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои худоист, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.».
Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли модарон ва бонувонро бо Рӯзи модар шодбош гуфта, хоҳони сиҳатмандиву сарбаландӣ ва саодатмандиву пирӯзиҳои эшон мебошам.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»