СЕРТИФИКАТИ МУТОБИҚАТИ СИФАТ ТАЛАБ КУНЕД! 15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нишони он аст, ки дар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қадамҳои боэътимод гузошта мешаванд. Дар Тоҷикистон ин масъала зери назорати қатъии Хукумати мамлакат қарор дорад ва шахсан аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорат карда мешавад.
Охири соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ниҳоди нав, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ; Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт; Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи хадамотҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи таъсиси ҳамаи ниҳодҳои нав ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати қатъӣ аз руи воридоти маҳсулоти хурокаи пастсифату ба саломатии инсон зараровар, маводи доруворӣ ва беҳдошти фаъолияти озмоишгоҳҳо мебошад. Дар робита ба ин Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар сохторҳои нав мутахассисони баландихтисоси ин соҳаҳо ба кор ҷалб карда шаванд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори чандин давлатҳои пешрафтаи дунё узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) буда, тибқи талаботи ин созмон, истеҳсолкунандагони ватанӣ дар талоши онанд, ки молу маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маҳсулоти хушсифату ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ муаррифӣ карда тавонанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми олам ҳимоя карда мешавад. Дар ин радиф, мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратӣ фаъолияти худро пурзӯр намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшанд.
Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидории ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст.
Дар қонуни мазкур ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла, ҳуқуқи аз ҷониби давлат ҳимоя кардан аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф кардани нуқсони мол ё иваз кардани он, ҷуброн кардани арзиши мол ва ё мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, ахбори пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд.
Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, маълумот доир ба мол ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони он, бехатарии мол, интихоби озоди мол, сифати муносиби мол, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд, ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол ба истеҳсолкунанда ҳуқуқ дорад.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Албатта, дар ин самт ҳамасола корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии кори мақомоти назоратӣ дар таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода шуда, аъзо ва низомномаи Шӯрои мазкур тасдиқ карда шуд.
Дар назди Агентӣ Шӯрои машваратӣ — ҷамъиятӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат амал менамояд, ки ба он ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил мебошанд ва дар кори он дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ баррасӣ мешаванд. «Тоҷикстандарт» дар сомонаи интернетии худ маводи гуногунро вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷой дода, ҳамзамон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон телефонҳои боварӣ низ дарҷ гардидаанд.
Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятӣ пешниҳод намудааст. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook — fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram — www. Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988-50-22-22 фаъол гардид, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд.
Дар ин раванд шаҳрвандон садҳо маротиба доир ба риоя нашудани қоидаҳои савдо ва меъёрҳои маҳсулот, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва дигар қонуншиканиҳо дар ин самт муроҷиат карданд ва бо мусоидати кормандони Агентӣ ин камбудиҳо сари вақт бартараф карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки фаъол намудани суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкон дод, ки то имрӯз садҳо муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолиашон ба қайд гирифта шаванд.
Вобаста ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Агентии «Тоҷикстандарт» бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро мувофиқа мекунад.
Табиист, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон сол то сол боло меравад. Онҳо ҳангоми харидории маҳсулот ба сифати он, муҳлати истифода, ранг, бӯй, лаззат, санаи барориш, ҳолати нигоҳдории маҳсулот эътибори ҷиддӣ дода, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро ҳатман талаб менамоянд. Аз тарафи нозирони Агентии «Тоҷикстандарт» омӯзиши пайваста гузаронида шуда, зимни ширкат дар машваратҳо бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа сатҳи маърифати шаҳрвандон боло бурда мешавад. Дар баробари ин миёни соҳибкорону фурӯшандаҳо дар самти тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» яке аз сохторҳои назоратии кишвар маҳсуб ёфта, ба зиммааш масъулияти бузург- ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии шаҳрвандон вогузор шудааст. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси татбиқи як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин қонунҳо аслан маҳсули замони истиқлоланд, ба роҳ мондааст.
Яъне давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда ҳимоя мекунад. Вобаста ба тақозои замон санаду ҳуҷҷатҳои нав ҷиҳати таъсис бахшидан ба ҳуқуқу озодӣ ва ҳимояи шаҳрвандон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки қонуни мазкур мисли дигар қонунҳои соҳа зери назари кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» қарор дорад.
Бо ин мақсад дар Агентӣ китоби махсус барои арзу шикоят ва дигар мактубҳои шаҳрвандон, инчунин телефони «Боварӣ» ҷудо карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон бевосита ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд. Мазмуну мундариҷаи аризаҳои шикоятӣ асосан аз поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ба монанди фиреби харидор, кам баркашидан, кам чен кардан, моли бе сифату ғайристандартиро бо роҳи фиреб фурӯхтан ва ғайраҳо иборатанд.
Бо истифода аз фурсат ба истеъмолкунандагон расонданием, ки ҳангоми харид кардани молу маҳсулот ба санаи истеҳсол, ҳолати нигоҳдориву намуди зоҳирии он таваҷҷуҳ кунанд. Дар ҳолати мушоҳида кардани камбудии маҳсулот аз фурӯшанда сертификати мутобиқати сифат талаб намоянд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»