«Тоҷикстандарт» дар дохили бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар 250 кг маҳсулоти ширии пастсифат ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») зимни гузаронидани санҷиш дар дохили бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар 250 кг маҳсулоти ширии пастсифат ошкор намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода хабар дод.
Диловар Пирназарзода гуфт, ки маҳсулоти ширии ошкоршуда истеҳсоли Хуҷанд буда, ба соҳибкор Фотима Дадабоева тааллуқ доранд. Маҳсулоти мазкур бе тамға ва муҳлати нигоҳдорӣ, инчунин бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ба мағозаҳои бозори мазкур тақсим мешуд. Маҳсулоти ширӣ дар зарфҳои 10-килограммӣ, ки барои маҳсулоти сохтмонӣ пешбинӣ шудаанд ва дар борҷомаашон эмулсия навишта шудаанд, ҷой дода шуда буданд. Мавриди зикр аст, ки ҷой кардани маҳсулоти ғизоӣ дар чунин зарфҳо ба саломатӣ хатарнок аст.
Ба маълумоти номбурда, зарфҳо вобаста ба маводи истифодашаванда ба намудҳои металлӣ, полимерӣ, қоғазӣ, картонӣ, шишагӣ, чӯбӣ, аз маводи омехта, саноатӣ, бофандагӣ, сафолӣ ва ғайра тақсим мешаванд ва бояд аз рӯи бехатарӣ ба талаботи нишондодҳои санитарӣ — беҳдоштӣ, устувории кимиёӣ ва ҳавоногузарӣ ҷавобгӯй бошанд.
«Мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ ва Регламенти техникии «Бехатарии борҷома» истифодаи дубораи зарфҳои полимерӣ манъ мебошад, вале ин амал айни ҳол бисёр ба назар расида, ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Зарфҳои полимерӣ аз рӯи таъйиноташон ба гурӯҳи истифодаашон яккарата дохил буда, бештар барои нигоҳдории нӯшокиҳои хунук ва равғанҳо истифода мешаванд. Ҳангоми истифодаи дубора эҳтимолияти хатарнокии онҳо баланд мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки шир ҳам аз ҷумлаи маҳсулотест, ки ҳангоми дар зарфи пластикӣ нигоҳ доштан сифаташро гум карда, турш ва барои саломатӣ зараровар мегардад»,-илова намуд ҳамсуҳбат.
Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиби муқарраргардида маҳсулоти мазкур аз муомилот гирифта шуда, барои нобудсозӣ равона карда шуд.
Тавре муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода изҳор намуд, ҳамеша дар рӯзҳои ид талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ бамаротиб афзоиш меёбад. Баъзе аз фурӯшандагон бо истифода аз ин фурсат маҳсулоти бе тамға ва муҳлати нигоҳдориаш гузаштаро ба харидорон пешкаш мекунанд. Дар ҳоле, ки Қонуни Чумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳар як харидор ҳуқуқ додааст, ки дар бораи сифат, бехатарӣ, муҳлат ва дигар нуқсонҳои молу маҳсулот маълумот талаб кунанд, аммо на ҳамаи харидорон аз ин ҳуқуқи худ истифода мебаранд. Бинобар ин Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади роҳ надодан ба воридшавии маҳсулоти пастсифат ба дастурхони наврӯзии сокинони кишвар дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳо санҷишҳои навбатӣ ба роҳ монд.
Сарфи назар аз корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳоло ҳам бо айби бархе аз соҳибкорон, ки манфиати худро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд, ба бозор маҳсулоти пастсифат ва ба талаботу меъёрҳои стандартӣ номувофиқ ворид мешаванд. Аз ин рӯ аз сокинон-истеъмолкунандагон даъват мешавад, ки аз харидории маҳсулоте, ки дар дохили зарфҳои пластикии якчанд бор истифодашуда ҷойгиранд, худдорӣ намоянд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






