Тоҳир Мӯъминов сармураббии нави дастаи «Истаравшан» интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҳир Мӯъминов- яке аз футболбозони номии кишвар сармураббии нави дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан интихоб гардид. Дар ин бора директори дастаи мазкур Асрор Шораҷабов хабар дод. Шартнома бо Тоҳир Мӯминов ба муддати ду сол ба имзо расидааст.
Тоҳир Мӯъминов 20 августи соли 1970 ба дунё омадааст. Ӯ дар дастаҳои «Помир» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Наврӯз» (Андиҷон), «Варзоб» (Душанбе), «Регар-ТадАз» (Турсунзода) ва «Энергетик» (Душанбе) ҳунарнамоӣ кардааст. Аз соли 1992 то 2001 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд ва дар ин ҳайат дар 31 вохӯрӣ иштирок ва ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб задааст. Аз соли 2005 то 2008 ба ҳайси сармураббии дастаи «Энергетик» (Душанбе), соли 2007 –дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, соли 2008-иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи «Вахш» (Қӯрғонтеппа), соли 2010- сармураббии «Хайр» (Ваҳдат) ва баъдан давоми ду мавсими охир ба сифати сармураббии КМВА «Помир» фаъолият дошт. Соли 2017 медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистонро бо ин клуб ба даст овард. Тоҳир Мӯъминов бозии нахустини худро ба ҳайси сармураббӣ бо дастаи «Истаравшан» дар мавсими нави Лигаи олӣ бо дастаи «Панҷшер» баргузор менамояд.
Тавре қаблан хабар дода будем, «Истаравшан» соли 2019 қарордоди худро бо мутахассисони бразилиягӣ Ҳадсон Де Соуза Оливейра ва Карлос Энрике ба ҳайси сармураббӣ ва мураббии тарбияи ҷисмонӣ ба имзо расонида, ду футболбози бразилиягӣ -Вандер Сантос ва Рожериу Феррейруро ба даста овард. Аммо маҳорати бозингарони бразилиягӣ роҳбарияти дастаи «Истаравшан»-ро қонеъ накард ва онҳо аз даста озод карда шуданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






