Варзишгарони навраси тоҷик аз Тошканд панҷ медал оварданд

Март 6, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси тоҷик аз Мусобиқаи байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук бо 5 медал – 1 тилло ва 4 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.  Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи олимпии мамлакат хабар медиҳад.

Мусобиқа 2-3 март дар шаҳри Тошканд миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 баргузор шуд. Дар он 128 нафар варзишгар дар ҳайати 5 даста (4 кишвар) ширкат намуданд. Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки кишвар, дар ҳайати Тоҷикистон, ки аз 19 нафар варзишгар иборат буд, медали тиллоро Мирзодавлат Сангинзода дар қувваозмоии дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11.52 сония сазовор гашт. Мирзодавлат инчунин дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 23.34 сония ҷои сеюмро ишғол намуд.

3 медали дигари биринҷиро миёни духтарон Моҳрухсор Саидқулова дар масофаи 3000 метр (12:37.55 дақиқа), Ҳилола Рустамова дар гурзандозӣ бо натиҷаи 29.15 метр ва миёни писарон Сайфиддин Зулфиқорбеков дар гурзандозӣ бо натиҷаи 43.10 метр ба даст оварданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон баъд аз дастаҳои Ӯзбекистон-2 ва Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.

Март 6, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд