ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК – ДАР ЛИБОСИ НИЗОМӢ. Дар Академияи ВКД ҶТ бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа ва мақомоти қудратӣ» ҳамоиш доир гардид

Март 7, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 07.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гиромидошти Рӯзи Модар дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа ва мақомоти қудратӣ» ҳамоиш доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагон аз вазорату кумитаҳои гуногуни кишвар, шарикони хориҷӣ ва кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Мансур Бухоризода аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода  иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи Модар табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дароз ва дар фаъолияти душвор, вале пурифтихорашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Роҳбари намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Хидеки Танабе аз ҳамкории фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Япония сухан ронда, таҳкими равобити дуҷонибаи дӯстиро ба манфиати ҳарду ҷониб маънидод намуд. Мавсуф дар идома афзуд, ки манзалати зани тоҷик дар пуртоқатӣ, меҳнатдӯстӣ ва вафодорӣ инъикос ёфта, занон дар тарбияи фарзандон ва пешбурди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот нақши бориз доранд.

Аввалин генералзани тоҷик, собиқадори Вазорати адлия, генерал-майор Саодат Амиршоева зимни ҳамоиш иброз намуд, ки «занон барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ, баробарии гендерӣ ва озодӣ талош намуда, номи хешро дар саҳифаи таърих гузоштаанд ва кӯшишу талошҳои онҳоро мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем».

Ба гуфтаи мавсуф, имрӯзҳо дар 8 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занон либоси низомӣ ба бар намуда, сари китф ситора дар баробари мардон дар як саф қарор доранд.

Прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Гулчеҳра Усмонзода аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар яке аз мақомоти қудратии мамлакат — ВКД шумораи занони масъулиятшиносу кордон рӯз то рӯз бештар мегардад. Онҳо пайи хизмат ба халқу Ватан равона гардида, ба насли ояндаи милитсия дарс меомӯзонанд. Курсантдухтарон чун идомадиҳандагони кори милитсия ба таълими салоҳиятнок фаро гирифта шудаанд, то оянда сафҳои сохторҳои қудратиро пурра намоянд.

Дар қисмати дуюми ҳамоиш аз ҷониби кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ либосҳои миллии атлас, чакан ва бадахшонӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати суханварии занону бонувон намоиш дода шуданд, ки мақбули меҳмонон гардид.

                                                                                                      АКСҲО аз бойгонӣ

Март 7, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд