«ЗАНОНУ МОДАРОН НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ТОҶИ МИЛЛАТАНД…». Суханони шахсиятҳои маъруфи олам дар ситоиши Зан-Модар
ДУШАНБЕ, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Зан-модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Дар васфу ситоиши ин олиҳаи зебоӣ бузургони илму адаб суханҳову офаридаҳое зиёде эҷод кардаву баён доштаанд. Дар зер гуфтаҳои чанде аз бузургонро дар васфи ин гавҳари ноёб пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.
Иқболи Лоҳурӣ
***
Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст, ман аз марди тарcӯ он гуна мутанаффирам, ки аз зани нонаҷиб.
Бонопарт Наполеон
***
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Зан кӯдаке аст, ки бо андак меҳрубонӣ хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.
Ҳервед
***
Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.
Шиллер
***
Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.
Вилям Шекспир
***
Агар ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст.
Шиллер
***
Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст.
Иммануил Кант
***
Зан монанди гул аст, он гоҳ мешукуфад, ки обаш диҳӣ.
Зарбулмасали лотинӣ
***
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.
А. М. Горкий
***
Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.
Ҷорҷ Ҳерберт
***
Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии модарро надорад.
Эрнест Ҳемингуэй
***
Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад.
Алан Кэй
***
Қалби модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.
Оноре де Балзак
***
Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.
Ролф Волду Амрсон
***
Камоли зан дар модарӣ аст, зане, ки модар нест мавҷуди ноқисе аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари хуб ёбед.
Оноре де Балзак
***
Усораи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта, аз он модар сохтаанд.
Кристофар Марлу
***
Яке аз бузургтарин офаридаҳо қалби модар аст.
Андре Гретри
Гирдоваранда:
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?






