14 АПРЕЛ – РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Донишмандон лоиҳаи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия мекунанд

Апрель 14, 2019 09:12

ДУШАНБЕ, 14.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2019 хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон , академик Фарҳод РАҲИМӢ  ҳамсуҳбат шуд.

Бино ба маълумоти президенти Академияи илмҳо, олимони  Академия дар ин давра таҳқиқотро аз рӯи 95 мавзӯъ, аз ҷумла  54 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 18  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, ҳамчунин соҳаи биологӣ ва тиббии  Академияи илмҳо ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон ва  монанди инҳо   равона карда шуд.

Ба андешаи академик Раҳимӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ хеле муҳим аст ва ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ба ин мақсад барои ташаккули дурусти шуури таърихӣ ва миллӣ нашри осори ниёгон дорои аҳамияти хосса мебошад. Олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар таҳия ва нашри силсилаи китобҳои осори гузаштагон хидмати шоиста кардаанд.

«Дар айни ҳол олимони соҳаи  таърих, забон, адабиёт ва иқтисод асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол», «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷ. 2,3,4), «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» (ҷ.2), Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ — демографии оила ва ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавиро таҳия карда истодаанд.

Инчунин харитаи бостоншиносии ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ омода шуда истода, таҳлили натиҷаи тадқиқоти ёдгориҳои ноҳияҳои Темурмалик,  Муъминобод,  Айнӣ, Рашт, Шаҳритус, Фархор, таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то асри ХХI, роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури фалсафиву мантиқӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзиши масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҷомеаи муосир, пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ, таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ  идома доранд»,-гуфт академики тоҷик.

Зикр шуд, ки солҳои охир робитаҳои байналмилалии илмӣ бо давлатҳои хориҷӣ вусъат меёбанд. Беш аз 300 нафар олимони тоҷик бо олимони кишварҳои дигар корҳои илмии муштарак анҷом додаанд. Чун сухан аз робитаи олимони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷиашон меравад, бояд таъкид кунем, ки заминаҳои ҳуқуқии ин ҳамкорӣ низ ба вуҷуд омадааст.

Ҳоло робитаҳои илмии Академияи илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо марказҳои илмии бонуфузи Россия, Австрия, Ҳиндустон, Чин, Япония, ИМА, ИДМ ва ғайра хеле вусъат пайдо кардааст. Ҳамкории илмию техникии Академияи илмҳо дар асоси созишномаи нав бо давлатҳои ҷаҳон идома дорад. Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи саноати миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба таъсиси Маркази тадқиқоти ҳастаӣ дар Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома байни Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Шӯрои таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Ҳиндустон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа қарор дорад.

Инчунин Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон, Созишнома оид ба ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин, Созишнома бо Донишгоҳи Руёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омода ва барои баррасӣ пешниҳод карда шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар имконият фароҳам омад, ки олимони тоҷик, хусусан муҳаққиқони ҷавон дар хориҷи кишвар таҳсил ва табодули таҷриба намоянд. Дар семоҳаи аввали соли равон низ вобаста ба ташкили таҳсил дар хориҷи кишвар, дар асоси мувофиқа бо намояндагони Корпоратсияи миллии ядроии Чин (CNNC) рӯйхати 23 нафар магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон барои идомаи таҳсил дар асоси квота дар риштаи физикаи ядроӣ дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин омода карда шуда, ба ҷониби Чин барои баррасӣ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Федератсияи Россия («Росатом») барои донишҷӯёни тоҷик дар соли таҳсили 2018-2019 ҳамагӣ  5 квотаи таҳсилӣ дар риштаи физикаи ядроӣ ҷудо гардид.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ беш 345 кори илмӣ, аз ҷумла 32 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 312  мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 44 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Дар ин давра  аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 2 қарори мусбат оид ба нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуд.

Мавриди зикр аст, ки саҳми олимону кормандони Академияи илмҳо дар ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ, аз ҷумла тарғиби масъалаҳои илмӣ, дастовардҳои илмӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, дастгирии сиёсати давлатӣ оид ба мустаҳкамсозии сохти демократию дунявӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми динӣ назаррас буда, мунтазам вобаста ба мавзӯъҳои муҳим барномаҳо, суҳбатҳо бо ҷалби онҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ пешниҳоди хонандагону тамошобинон ва шунавандагон гардонида мешаванд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ –ин тарбияи кадрҳои илмӣ, махсусан ҷалби ҷавонон ба илм мебошад. То 1 апрели соли 2019 шумораи  умумии аспирантон 363 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 119 нафарашон занҳо мебошанд. Шумораи умумии докторантҳои анъанавӣ 9 нафар (2 нафар зан) ва шумораи умумии докторантҳои PhD 90 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар 21 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар рисолаи докторӣ ва 28 нафар рисолаи номзадӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаҳои гуногуни илм дифоъ карданд.

Ба шароити муосир мутобиқ кардани сохтор ва мавзӯъҳои тадқиқотӣ аз самтҳои муҳими кор дар такмил ва  пешбурди илм маҳсуб меёбад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин самт низ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Раёсати Академия  бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлатамон роҳҳои вусъат бахшидани корҳои илмӣ, тарбияи олимони насли нави ба шароити ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ва беҳтар кардани вазъи кору зиндагии онҳоро пайваста ҷустуҷӯ менамояд.

Ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ як марҳалаи ҷамъбасти фаъолияти олимони тоҷик низ ба ҳисоб меравад. Олимони Академияи илмҳо бо эҳсоси ватанпарастона ва дастгирии огоҳонаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатамон барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ саҳми худро барои пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар мегузоранд.

Рӯзи илми тоҷикро ба аҳли илм табрик гуфта, барояшон комёбиҳо орзу менамоем. Боварии комил дорем, ки илми тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон барои  таҳкими асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар хидмати арзанда карда, вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу Ватани азизамон бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.

Апрель 14, 2019 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд