ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд расадхона, осорхона ва Боғи мунаҷҷим Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бунёд мегарданд
ХУҶАНД, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрӣ беш аз 500 иншоот бунёд ва таъмиру навсозӣ мегарданд. Аз ҷумла, то имрӯз зиёда аз 100 иншооти дорои аҳамияти гуногуни иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, яке аз иншооте, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ ба истифода дода мешавад, ин расадхона ва Боғи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари форсу тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ Ҳомид ибни Хизр, ки дар давраи ҳукмронии Давлати Сомониён, солҳои 940-1000 умр ба сар бурдааст, ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Абумаҳмуди Хуҷандӣ яке аз аввалин устодони Абурайҳонӣ Берунӣ ба ҳисоб меравад. Берунӣ бори аввал бо Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Рай шинос шуда, дар расадхонаи «Таборак» аз ӯ судсро омӯхтааст. Ва дар «Китобу-т-таҳдиди ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳ масофоти-л-масокин» ном асараш Абумаҳмуди Хуҷандиро дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар олоти нуҷумӣ фарди фавқулода ва ягонаи замон ҳисобидааст.
Бояд гуфт, ки расадхонаи (планетарияи) аввалини оммавӣ дар миқёси Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи бозори Панҷшанбе бо гумбази 11-метра ба истифода дода шудааст. Аз соли 2017 бо сабаби фарсудашавии ҳолати биною таҷҳизот ва ба ҷои он бунёд намудани таваққуфгоҳи чандошёнаи муосири зеризаминӣ барои беш аз ҳазор нақлиёти сабукрав, он тибқи қарори дахлдори масъулини вилоятиву шаҳрӣ ба соҳили рости шаҳр, маҳаллаи 32, ба ҷои Боғи “Дӯстии халқҳо” кӯчонида шудааст. Пас аз ба истифода додани расадхона дар мавзеи номбурда он аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосири германӣ, муҷассама ва осорхонаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқи корӣ ва таҳхона иборат хоҳад гашт.
Ҳоло дар мавзеи мазкур, ки дар масоҳати беш аз 7 га ҷой гирифтааст, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, то ин дам бунёди пояҳои панҷараҳои атрофи он оғоз гардидааст. Ҳамзамон корҳои хатти обрасонӣ ба анҷом расида, ҳамворкунии майдон, ба тартиб даровардани он ва бунёди фаввораҳои боғ вусъат меёбад.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи Боғ, Осорхона ва расадхона то охири соли равон ба нақша гирифта шудааст.








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






