ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар Ҳисор аллакай 50 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд

Апрель 3, 2019 10:23

ДУШАНБЕ, 03.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири  ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумазода як зумра иншооти хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 30-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ -2019-2021  бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат  ва раиси шаҳри Ҳисор дар деҳаи Ғуриёти Ҷамоати деҳоти Навобод ба маҷмааи хизматрасоние, ки аз тарафи соҳибкор Алиҷон Норбеков бунёд шудааст, ифтитоҳ бахшиданд. Иншоот ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ сохта шуда, даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллиро бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин менамояд. Иншооти мазкур аз ошхона ва чойхона бо 36 ҷои нишаст, қассобхона, сартарошхона, нонвойхона, мағозаи атриёт, меҳмонхона барои 10 нафар ва мағозаи ашёи рӯзгор иборат буда, бо риояи анъанаҳои миллӣ ва меъмории ниёгон сохта шудаанд.

Чанде қабл соҳибкор Алиҷон Норбеков дар деҳаи Ғӯриёт толори варзишии боҳашаматро мавриди истифодаи ҷавонони деҳа қарор дода буд. Ҳоло чандин варзишгарони ин толор чун ғолиби мусобиқаҳо шуҳратёр гаштаанд.

 Инчунин дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Навобод муовини Сарвазири мамлакат дар маросими ба истифода додани маркази хизматрасонии «Аюбҷон», ки аз ҷониби соҳибкор Тӯймурод Хайруллоев бунёд гардидааст, иштирок намуд. Муовини Сарвазири мамлакат ва раиси шаҳри Ҳисор ба бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи молҳои мавриди ниёзи мардум ва толори саққобозӣ оғози расмӣ бахшиданд. Зикр гардид, ки маркази мазкур бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, 5 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мегарданд. Соҳибкор азм дорад, ки  дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири  тиббӣ сохта, ба хизмати аҳолии маҳалла вогузор намояд. Дар ин самт корҳо оғоз гардида,  бо маром идома доранд.

Дар деҳаи Ситораи Ҷамоати деҳоти Навобод бо дастгирии аҳолӣ ба ҷойи иншооти фарсудашуда ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббии замонавӣ бунёд ёфт. Қобили зикр аст, ки солҳои қабл бинобар  набудани шароити мусоиди тиббӣ сокинони деҳа масофаи дурро тай намуда, ба маркази ҷамоат ё  шаҳр мерафтанд. Акнун онҳо имкон доранд, дар бунгоҳи тиббии деҳа аз хизматрасонии хуб баҳравар гарданд.

Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат дар чорабинии фарҳангии сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз иштирок ва аз намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии деҳаҳои ҷамоат дидан намуд. Дар ин рӯз тӯйи суннатии 20 нафар дӯстрӯякон аз оилаҳои камбизоат низ баргузор гардид. Муовини Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳр зимни суханронӣ аз хизматҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мақоми байналмилалӣ пайдо кардани ҷашни Наврӯз ва ба таври расмӣ ҷашн гирифтани он дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон  ва суннату анъанаҳои неки ин ҷашни ниёгонамон ёдовар шуданд. Зикр шуд, ки бунёдкорию ободонӣ аз рукнҳои наврӯзӣ маҳсуб ёфта, имрӯз мардуми шаҳри Ҳисор онро бо ҷашни бузурги миллиамон-  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг сохта, дар ҳама соҳаҳо самаранок заҳмат мекашанд.

Мусаллам аст, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёд, таъмиру навсозии 613 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз 56 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.

Апрель 3, 2019 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд