ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар вилояти Хатлон 3 марказ ва 9 бунгоҳи саломатии деҳот ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонию баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, давоми се моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон 3 марказ ва 9 бунгоҳи саломатии деҳот ба истифода дода шуданд. Дар айни замон дар вилоят сохтмони 11 бунгоҳи саломатии дигар идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин марказҳо дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Хуросон бунёд шудаанд. То ин муддат бунгоҳҳои саломатии «Заркамар», «Истиқлол», «Навзамин», «Ҷавонӣ», «Баҳористон» ва Маркази саломатии деҳоти Лоҳутӣ ва Ҷамоати деҳоти Холевард ба истифода дода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Хатлон 28 маркази саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, 364 маркази саломатии деҳот ва 706 бунгоҳи саломатӣ фаъолият менамоянд. Корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят ба шарафи ин ҷашни миллӣ ҳамоно босуръат идома доранд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар деҳот- ин наздик сохтани симои деҳот ба шаҳр, баланд бардоштани сатҳи маданияти деҳотиён дар муносибату рафтор, гуфтор, илму ҳунар, забономӯзӣ, эҳтиром нисбат ба моликияти худ ва давлат мебошад. Зеро дар бархе мавридҳо мо шоҳиди он мегардем, ки боғу гулгашт ва таҷҳизоти барои дилхушии кӯдакон бунёдшуда аз тарафи баъзе шахсон поймолу шикаста мешаванд.
Аз ин рӯ дар баробари бунёди ин гуна иншоот ба ҳифзу эҳтиёт кардани онҳо низ бояд диққат диҳем, то меҳнату маблағҳои зиёди сарфшуда барҳадар нараванд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






