ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: соҳибкоре аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағҳои барои Ҳаҷ ҷамъкардааш хонаи саломатӣ бунёд намуд

Апрель 18, 2019 10:50

ХУҶАНД, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ду деҳаи дурдасттарини ноҳия хонаҳои саломатӣ  ба истифода дода шуданд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар дар вилояти Суғд Абдуаҳад Дадабоев масъулини дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

 Зикр шуд, ки амали мазкур бо мақсади боз ҳам  обод кардани ҳар як деҳаву  маҳали  аҳолинишини шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва дар ин замина боз ҳам наздик кардани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, дарёфти саривақтии беморон ва солимгардонии онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Аз ҷумла, чанде пеш дар деҳаи Кӯҳсори Ҷамоати деҳоти Чашмасор, ки аз маркази ноҳия дар дурии 85 км ҷойгир буда, дар 65 хоҷагии он 420 нафар аҳолӣ истиқомат доранд, хонаи саломатии навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.

Хонаи саломатӣ бо ташаббуси соҳибкори деҳа Назар Ахмедов бунёд шудааст. Ин соҳибкор як қисми ҳавлии истиқоматии худро барои сохтмони хонаи саломатии деҳа ҷудо намуда, аз ҳисоби маблағҳои барои сафари навбатии Ҳаҷ ҷамъкардааш дар деҳа бинои сеҳуҷрагии хонаи саломатӣ бунёд намуд. Дар навбати худ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хонаи саломатии мазкурро бо лавозимоти аввалиндараҷаи тиббӣ таъмин намуданд.

Пас аз ифтитоҳи хонаи саломатӣ аз ҷониби кормандони «Корвони саломатӣ»-и шабакаи кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳия, ки дар чорабинии расмӣ ширкат доштанд, сокинони деҳа аз хизматрасонии ройгони тиббӣ гузаронида шуда, чанд нафар кӯдакони деҳа низ хатна карда шуданд. Ба ғайр аз ин табибон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳа рафта, толибилмонро аз муоинаи тиббии ройгон гузарониданд. Онҳо ба ҳавлиҳои истиқоматкунандагони бемору барҷомонда рафта, машварат дода, доруворӣ ва варақаҳои санитарӣ тақсим намуданд.

Инчунин дар деҳаи Пилоли Ҷамоати деҳоти Исмоил, ки дар он 1060 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, бинои масҷиди деҳа аз нав таъмиру таҷдид ва атрофи он сабзазор карда шуда, ба хонаи саломатӣ табдил дода шуд. Он имрӯзҳо мавриди истифодаи сокинон  қарор дорад.

Пас аз баргузори маросими тантанавии ифтитоҳи бинои хонаи саломатӣ аз ҷониби табибони гуногунсоҳаи шуъбаи Кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳия  397 нафар аҳолии деҳа аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон ба 124 нафар беморон барои идомаи табобат маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Ҳамзамон аз тарафи кормандони Маркази вилоятии зидди бемориҳои ВНМО клиникаи мобилӣ низ ташкил гардида, 40 нафар барои дарёфти бемории ВНМО  аз ташхиси ройгон гузаронида шуданд. Ба иштирокчиён зиёда аз 560 адад варақаҳои беҳдошти солимӣ ройгон тақсим карда шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, масъулини ноҳия азм доранд, то давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин ташкили бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти иҷтимоиро идома диҳанд.

Апрель 18, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд