АМНИЯТ – ДАР ҶОИ АВВАЛ! Имрӯз дар Душанбе масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Усулҳои пешқадам ва технологияҳои ҳифзи иттилоот» — таҳти ин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки ширкатҳои Федератсияи Россия семинар доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар семинар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутахассисони варзида аз ширкатҳои Россия, ба мисли «Технологии безопасности», «Грань безопасности», ҶДММ «Код безопасности», «Лаборатория Касперского», «Инфо вотч» ва ғайраҳо иштирок доранд.
Семинар ба баланд бардоштани малакаи хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, бо мақсади омӯзиш ва беҳтар намудани малакаи мутахассисони соҳаи ҳифзи иттилоот равона шудааст. Амнияти иттилоотӣ – ин чунин ҳолати системаи иттилоотист, ки метавонад ба дахолати тарафҳо ё шахсони сеюм ва ҳуҷумҳои техникии бегона роҳ надиҳад.
«Семинар намунаи воқеии ҳамкории амалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳо оид ба амнияти иттилоотии Федератсияи Россия буда, платформаи муфид барои муайян кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад», — гуфт зимни суханронӣ сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодир Мирзоиён.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба таъмини иттилоотии меъёриву ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир менамуд ва менамояд.
Аз ҷумла, Тоҷикистон як зумра санадҳои қонунгузориро дар самти таъмини амнияти иттилоот, ба мисли “Қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”, “Қонун дар бораи имзои электронӣ”, “Қонун дар бораи иттилоот”, “Қонун дар бораи криптография”, “Қонун дар бораи ҳифзи иттилоот” ва “Қонун дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ” қабул намуд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи беш зоҳир менамоянд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Худи ҳамон сол дар асоси ин ҳуҷчати муҳим Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қонунҳои минбаъд қабулшуда – “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”, “Дар бораи имзои электронӣ””, “Дар бораи сирри давлатӣ”, “Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ” маҳз ба амнияти иттилоотии давлат ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқхои дигари конститутсионии онҳо бахшида шудаанд.
Имрӯз ҷумҳури мо мисли кишварҳои дигари ҷаҳон ба ҳамкории бештар дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёт зарурат дорад.
Дар семинар ҳамчунин иштирокчиён таҷрибаи сохтани системаҳои ҳифзшуда, ҳукумати электронӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар миқёси давлат, инчунин воситаҳои ҳимоя аз ҳуҷумҳои кибернетикиро муҳокима намуданд.








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






