Бахшида ба Рӯзи пойтахт хонандагон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

Апрель 16, 2019 15:31

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ шанбеи 3-юми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз 80 нафар тарбиятгирандагон ва хонандагон аз нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев хабар дод, имрӯз тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт 80 нафар иштирокчиён аз нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷониби роҳбаладони Осорхона сайрҳои осорхонавӣ (экскурсияҳо) ташкил карда шуда, онҳо бо таърих, фарҳанг, маданият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар шинос гардонида шуданд.

Дар интиҳои тамошо иштирокчиён аз боздиди толорҳои намоишии шуъбаҳои табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ин ташаббус дар самти муаррифии маконҳои сайёҳиву фарҳангии шаҳри Душанбе иқдоми нек маҳсуб мешавад.

 

Апрель 16, 2019 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ