Байни Асосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Урдун ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ,24.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Байни Асосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои санади мазкур хамкории иморатсозони Тоҷикистону Урдунро тақвият бахшида, барои дар оянда рушд ёфтани он шароити мусоид фароҳам меорад.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин санади ҳамкорӣ дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва аъзои Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба Тоҷикистон, ки аз 15 то 21 апрели соли равон сурат гирифт, ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи сафари аъзои Ассосиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимиии Урдун ба Тоҷикистон ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо ширкатҳои ватанӣ, табодули таҷриба дар соҳаи меъморӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сохтмонӣ арзёбӣ мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни сафар ба Тоҷикистон ҳайати соҳибкорону намояндагони Ассосиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо роҳбарияти кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сохтмон ва меъморӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва як зумра ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ мулоқот анҷом дода, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ бунёдшаванда боздид намуданд.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






