Беҳтарин ихтироъкорони Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018 муайян гардиданд

Апрель 27, 2019 11:13

ДУШАНБЕ 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли равон дар  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ  Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018»   ҷамъбаст гардид. Комиссияи озмун пас  аз омӯзишу баррасӣ 12 нафар ихтироъкоронро ғолиби озмун эълон карда, онҳоро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  қабули  ҳуҷҷатҳо ба  озмуни мазкур 2 январ оғоз гардида, дар  он 67 нафар ихтироъкорон ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.

Тибқи хулосаи комиссияи озмун профессори кафедраи «Технологияҳои маснуоти нассоҷӣ», декани факултети «Технология ва дизайн»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  Холназар Иброгимов барои ихтирои «Гармиҳосилкунанда» сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Заррина Яминова барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ, сазовори ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ва медали тиллоии ба номи В.И. Блинников ҳамчун беҳтарин ихтирокорони Тоҷикистон дар соли 2017-2018 гардиданд.

Доктори  илмҳои химия, мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино Умаралӣ Раҷабов,  академики                      Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Самаритдин Каримов,  номзади илмҳои кишоварзӣ, Раиси ташкилоти ҷамъияти «Водии Вахш»  Додоҷон Асланов  ва  дандонпизишк, корманди беморхонаи «Евродент»  Азиз Ҳафизов бо «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-қадрдонӣ шуданд.

«Ба муовини директор оид ба илм ва таълими Институти хокшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Салимов, номзади илмҳои тиб, Ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 — и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Қаҳрамон Назирбоев ва  номзади илмҳои ветеринарӣ, котиби илмии Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзӣ  Сулаймон Назруллозода  «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» тақдим карда шуд. Ҳамчунин ихтироъкори ҷавон сардори маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фирӯз Сайфудинов бо Дипломи дараҷаи аввал, Ходими калони илмӣ, химик-технологи Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мақсуд Сангов бо Дипломи дараҷаи дуюм ва ходими илмӣ, котиби илмии Шӯрои илмии Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова бо Дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мақсади аз  баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» ин ҷалби шахсони лаёқатманд  ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ,  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорон ва ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнию эҷодӣ  дошта мебошад.

Апрель 27, 2019 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад