Бо дуои неки падару модарон ҷавонони шаҳри Турсунзода ба ҳифзи Ватан камар бастанд
ТУРСУНЗОДА, 05.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар гусели зиёда аз 65 нафар наваскарони ихтиёрӣ роҳбарияти шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, падару модарони даъватшавандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода даъватшавандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнопазир табрик намуда, иброз дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум зиндагии осоишта доранд. Мояи хушнудӣ аст, ки имрӯз шумо ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешавед, ки барои ҳар як ҷавонмард хизмат ба Ватан ифтихор ва шарафи бузург ба ҳисоб меравад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҳар яки шумо бо сари баланд ва ҷавонмардона қарзи шаҳрвандиро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред».
Дар идома волидайни даватшавандагон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки «хизмат ба Ватан аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст. Боварии комил дорем, ки фарзандони мо бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд».
Дар идома варзишгарони навраси шаҳр маҳорати варзишии худро намоиш дода, сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр бо машқҳои ҳарбӣ ба майдон баромаданд.
Инчунин афсарон ва аскарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр паради ҳарбиро манзури ҳозирин намуданд.
Кормандони шуъбаи фарҳанг бо суруду таронаҳои ватанпарварона ба маросим фазои идона бахшиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






