Боришоти борон дар Душанбе сабаби расишҳои кӯтоҳи барқӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба амал омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани садамаи хурд гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ наздики 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар шаҳрвандон осеб надидаанд. Айни ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе корҳои бартарафсозии ин ҳолати садамавӣ идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






