Дар Бадахшон маъракаи даъвати баҳорӣ пурра ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 09.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 апрел пурра ба анҷом расид.
Тавре аз Комиссариати ҳарбии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда, ҷавонони баору номуси маркази вилоят-шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва Ванҷ бо дарки баланди масъулияти ватанпарастӣ ташаббус нишон дода, ба ҳимояи хоки муқаддаси Ватан сафарбар гардиданд.
Ҳамзамон дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ишкошиму Роштқалъа низ ин маъракаи муҳим муташаккилона ба роҳ монда шуда, маъракаи даъват дар ҳафтаи аввал таъмин карда шуд. Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон ва дар муддати кӯтоҳ иҷро гардидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бори дигар исбот мекунад, ки имрӯз ҷавонони Бадахшон ҷонибдори сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ВМКБ вобаста ба даъвати ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ супоришҳои мушаххас дода буданд. Маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ мушкилиҳои зиёд ба бор оварда буд ва маъракаи даъват асосан аз ҳисоби донишҷӯёну сокинони дигар минтақаҳои кишвар иҷро карда мешуд.
Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз моҳи сентябри соли 2018 Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ташкил карда шуд. Он дар баробари таъмини волоияти қонун ҳамчунин ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Волидони наваскарон ифтихорманд аз он ҳастанд, ки фарзандони онҳо имрӯз дар ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон дар қатори фарзандони шуҷои дигар минтақаҳои мамлакат саҳмгузорӣ намуда, хоки муқаддаси Ватанро муҳофизат менамоянд. Зеро таъмини амнияти кишвар заминаи асосии ҳаёти осоиштаи мардум ва рушди босуботи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ дар баробари қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ҳамчунин мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастиянд. Аз ин хотир ҳар як ҷавонмарди бонангу ор бояд ин қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан-Модар фаромӯш накарда, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омода бошад.








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






