Дар Душанбе баланд бардоштани мавқеи кишвар зимни арзёбиҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар ҷаласае, ки 3 апрел дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 19-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иброз намуда буданд, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои давлатиро мебояд тадбирҳои зарурӣ андешида, татбиқи босифати ислоҳоти қабулгардидаро таъмин намоянд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода муаррифномаро оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ манзур намуд. Дар ҷаласа доир ба мавқеи Тоҷикистон аз рӯи даҳ нишондиҳандаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»: бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти неруи барқ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ, андозбандӣ, таъмини иҷрои қарордод, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ дар муқоиса бо давлатҳои минтақа маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ислоҳоти муҳим, назири ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии /ММД/ мамлакат 70 фоизро ташкил дода, инчунин 80 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар бахши хусусӣ фаъолият доранд.
Бинобар мавҷуд будани рақобати шадид дар минтақа, аз ҷониби кишварҳои он гузаронидани ислоҳоти ҷадид дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ мавқеи кишварамон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ поён рафтааст. Дар соли 2019 мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур 3 зина поён рафта, аз ҷойи 123-ум дар соли 2018 ба 126-ум дар соли 2019 паст гардид. Соли 2019 ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои гирифтани иҷозат барои сохтмон ва тиҷорати беруна 1 зинагӣ ва ҳалли пардохтпазирӣ 2 зина боло рафта, аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ 3 зина, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти неруи барқ 2 зина, бақайдгирии моликият 1 зина, дастрасӣ ба қарз 2 зина, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ 5 зина, андозбандӣ 4 зина ва таъмини иҷрои қарордод 7 зина поён рафтааст. Бинобар ин, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, идомаи ислоҳот дар ин самт зарур мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазорату идораҳо бояд бо бахши хусусӣ ҳамкории зич намуда, ислоҳоти гузаронидашударо ба онҳо муаррифӣ намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа Давлаталӣ Саид ба роҳбарони вазорату идораҳои масъул доир ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти татбиқи ислоҳоти минбаъда барои беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ супоришҳои қатъӣ дод.








Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид






