Дар Хатлон масъалаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар -маркази маъмурии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот» бо иштироки соҳибкорон, роҳбарон ва масъулони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дӯзандагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нишаст доир гардид.
Вохурӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Зимни ин нишаст роҳбарону мутахассисони корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта- ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунӣ, кешбофӣ ва дӯзандагии вилоят дар якҷоягӣ бо дигар иштирокдорон доир ба муайян намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва роҳи ҳалли онҳо муколамаи озод намуданд, ки он дар рушди минбаъдаи ин соҳа манфиат меорад.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






